Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки гурӯҳе аз онон [ба гурӯҳи дигар] гуфтанд: «Чаро қавмеро панд медиҳед, [ки саранҷом] Аллоҳ таоло ҳалокашон хоҳад кард ё ба азоби шадид гирифторашон хоҳад намуд»? [Носеҳон] Гуфтанд: «Ин [панду наҳй дар ҳукми] маъзарате ба даргоҳи Парвардигори шумост ва бошад, ки парво кунанд»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
164. Ва эй Расул, ба ёд ор он гоҳ, ки бани Исроил ба се гурӯҳ тақсим шуданд: (гурӯҳи аввал: золимон, дуввум: насиҳатгарон, сеюм: бетарафон) гурӯҳи бетарафон ба гурӯҳи
насиҳатгарон гуфтанд: «Чаро қавмеро, ки дар рӯзи шанбе аз ҳудуд ва муқарароти Аллоҳ таҷовуз карданд, панд медиҳед, ки Аллоҳ ҳалокашон хоҳад кард ва ба азоби дарднок мубтало хоҳад сохт?» Гурӯҳи насиҳатгарон гуфтанд: «То моро назди Парвардигоратон узре (1) бошад. Ва бошад, ки парҳезгор шаванд. (2)
____________________
1. Яъне Аллоҳ таъоло моро ба тарки амри маъруф ва наҳйи аз мункар, ки аз воҷиботи муҳими динӣ бар зиммаи мост мавриди уқубат ва бозпурсӣ қарор надиҳад.
2. Тафсири Ибни Касир 3\494 ва тафсири Саъдӣ 1 \ 306

الترجمة الطاجيكية
وَإِذۡ قَالَتۡ أُمَّةٞ مِّنۡهُمۡ لِمَ تَعِظُونَ قَوۡمًا ٱللَّهُ مُهۡلِكُهُمۡ أَوۡ مُعَذِّبُهُمۡ عَذَابٗا شَدِيدٗاۖ قَالُواْ مَعۡذِرَةً إِلَىٰ رَبِّكُمۡ وَلَعَلَّهُمۡ يَتَّقُونَ
Ва он гоҳ ки гурӯҳе аз онҳо гуфтанд; «Чаро қавмеро панд медиҳед, ки Худо ҳалокашон хоҳад кард ва ба азобе дарднок мубтало хоҳад сохт?» Гуфтанд: «То моро назди Парвардигоратон узре бошад. Ва шояд, ки парҳезгор шаванд».
Tajik - Tajik translation