Ва ба сӯйи [мардуми] Мадян бародараш Шуайбро [фиристодем]. Ӯ гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳ таолоро бипарастед, ки ҷуз Ӯ маъбуд [-и барҳақ] надоред. Яқинан, аз [сӯйи] Парвардигоратон барои шумо далели равшан омадааст, пас, [ҳаққи] паймона ва тарозуро комил [-у дуруст] адо кунед ва ба мардум аҷносашонро кам надиҳед ва дар замин пас аз ислоҳаш фасод накунед. Агар имон доред, ин барои шумо беҳтар аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
85. Ва бар мардуми Мадян бародарашон Шуъайб (алайҳиссалом)-ро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, шуморо маъбуде ҷуз Ӯ нест. Аз ҷониби Парвардигоратон нишонае равшан омадааст. Паймонаву тарозуро пурра адо кунед ва ба мардум кам мафурӯшед ва аз он пас, ки замин ба салоҳ омадааст, (аз овардани паёмбарон дини ҳақро) дар он фасод макунед, ки агар имон овардаед, ин бароятон дар дунёву охират беҳтар аст! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/556
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/556
الترجمة الطاجيكية
وَإِلَىٰ مَدۡيَنَ أَخَاهُمۡ شُعَيۡبٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥۖ قَدۡ جَآءَتۡكُم بَيِّنَةٞ مِّن رَّبِّكُمۡۖ فَأَوۡفُواْ ٱلۡكَيۡلَ وَٱلۡمِيزَانَ وَلَا تَبۡخَسُواْ ٱلنَّاسَ أَشۡيَآءَهُمۡ وَلَا تُفۡسِدُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ بَعۡدَ إِصۡلَٰحِهَاۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ
Ва бар мардуми Мадян бародарашон Шуъайбро фирестодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Оллоҳро бипарастед, шуморо худое ҷуз Ӯ нест. Аз ҷониби Парвардигоратон нишонае равшан омадааст. Паймонаву тарозуро расо адо кунед ва ба мардум кам мафурӯшед ва аз он пас, ки замин ба салоҳ омадааст, дар он фасод макунед, ки агар имон овардаед, ин бароятон беҳтар аст!
Tajik - Tajik translation