Ва дар замин, пас аз он ки [бо биъсати паёмбарон ва диндории муъминон] ислоҳ гаштааст, фитна ва фасод накунед ва Ӯ [Аллоҳ таоло]-ро бо биму умед бихонед, [ки] бе тардид, раҳмати Аллоҳ таоло ба накукорон наздик аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
56. Ва фасод (яъне гуноҳ) накунед дар рӯи замин баъди ислоҳ кардани Аллоҳ таъоло заминро бо фиристодани паёмбарон (алайҳимуссаллом). Ва Аллоҳро аз тарси азобаш ва умед ба раҳматаш парастиш кунед! Ҳамоно раҳмати Аллоҳ ба некӯкорон наздик аст. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/291
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/291
الترجمة الطاجيكية
وَلَا تُفۡسِدُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ بَعۡدَ إِصۡلَٰحِهَا وَٱدۡعُوهُ خَوۡفٗا وَطَمَعًاۚ إِنَّ رَحۡمَتَ ٱللَّهِ قَرِيبٞ مِّنَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Дар замин он гоҳ, ки ба салоҳ омадааст, фасод макунед! Ва Худоро аз рӯи тарсу умед бихонед! Ва раҳмати Худо ба некӯкорон наздик аст.
Tajik - Tajik translation