[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Либос [-у зинатҳо]е-ро ки Аллоҳ таоло барои бандагонаш падид оварда ва [ҳамчунин] рӯзиҳои покизаро чи касе ҳаром кардааст?». Бигӯ: «Ин [неъматҳо] дар зиндагии дунё барои касонест, ки имон овардаанд, [ва агар чи кофирон низ аз онҳо баҳраманданд] рӯзи қиёмат махсус [-и муъминон] хоҳад буд. Мо инчунин оёт [-и худ]-ро барои гурӯҳе, ки медонанд, ба тафсил баён мекунем
الترجمة الطاجيكية - عارفي
32. Бигӯ (эй Паёмбар барои мушрикони ҷоҳил): «Чӣ касе либосҳоеро, ки Аллоҳ барои бандагонаш падид оварда ва хӯрданиҳои хуштаъмро ҳаром кардааст?» Бигӯ (эй Паёмбар барои инҳо мушрикон): «Ин чизҳо дар ин дунё барои касонест, ки имон овардаанд (яъне лоиқи мусалмонон аст, агарчи дигарон ҳам истифода баранд) ва дар рӯзи қиёмат низ хоси мӯъминон бошанд». Ҳамчунон оёти Аллоҳро барои доноён ба тафсил баён мекунем.
الترجمة الطاجيكية
قُلۡ مَنۡ حَرَّمَ زِينَةَ ٱللَّهِ ٱلَّتِيٓ أَخۡرَجَ لِعِبَادِهِۦ وَٱلطَّيِّبَٰتِ مِنَ ٱلرِّزۡقِۚ قُلۡ هِيَ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا خَالِصَةٗ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ كَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ
Бигӯ: «Чӣ касе либосҳоеро, ки Худо барои бандагонаш баровардааст ва хурданиҳои хуштаъмро ҳаром кардааст?». Бигӯ: «Ин чизҳо дар ин дунё барои касонест, ки имон овардаанд ва дар рӯки қиёмат низ хоси онҳо бошад». Оёти Худоро барои доноён инчунин батафсил баён мекунем.
Tajik - Tajik translation