Ва Мӯсо аз қавмаш ҳафтод мардро барои ваъдагоҳи Мо [дар Тӯри Сино] баргузид [то ба хотири ширку гуноҳи қавмашон ба даргоҳи илоҳӣ тавба кунанд]. Пас, ҳангоме ки [ба далели нофармонӣ ва дархости руъяти Аллоҳ таоло] зилзила ононро фаро гирифт [ва ҳамагӣ мурданд, Мӯсо] гуфт: «Парвардигоро, агар мехостӣ, онон ва маро пеш аз ин ҳалок мекардӣ. Оё моро ба хотири ончи бехирадонамон кардаанд, ҳалок мекунӣ? Ин [азоб чизе] нест, магар озмоиши Ту [аз имони мо], ба [василаи] он ҳаркиро бихоҳӣ, гумроҳ месозӣ ва ҳаркиро бихоҳӣ, ҳидоят мекунӣ. Ту [дӯсту] корсози моӣ, пас, моро биёмурз ва бар мо раҳм овар ва Ту беҳтарин омурзандаӣ
الترجمة الطاجيكية - عارفي
155. Ва Мӯсо барои ваъдагоҳи Мо аз миёни қавмаш ҳафтод мардро ихтиёр кард ва онҳоро ба кӯҳи Тур баровард, то қавмаш аз Парвардигорашон маъзаратхоҳӣ кунанд. Пас, чун ҳозир шуданд, гуфтанд: "Эй Мӯсо Аллоҳро ба мо ошкоро нишон деҳ!".
Чун зилзила онҳоро фурӯ гирифт, беҳӯш афтоданд ва ҳалок шуданд. Ва Мӯсо ба зорӣ ва дуъо пардохт ва гуфт: «Эй Парвардигори ман, агар мехостӣ онҳоро ва маро пеш аз ин ҳалок мекардӣ. Оё ба хотири аъмоле, ки бехирадони мо анҷом додаанд, моро ба ҳалокат мерасонӣ? Ва ин ҷуз имтиҳони Ту нест. Ҳар касро бихоҳӣ, ба он гумроҳ мекунӣ ва ҳар касро бихоҳӣ, ҳидоят мекунӣ. Ту сарпарасти мо ҳастӣ, моро биёмӯрз ва бар мо раҳм фармо, ки Ту беҳтарини омӯрзандагон ҳастӣ! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/303

الترجمة الطاجيكية
وَٱخۡتَارَ مُوسَىٰ قَوۡمَهُۥ سَبۡعِينَ رَجُلٗا لِّمِيقَٰتِنَاۖ فَلَمَّآ أَخَذَتۡهُمُ ٱلرَّجۡفَةُ قَالَ رَبِّ لَوۡ شِئۡتَ أَهۡلَكۡتَهُم مِّن قَبۡلُ وَإِيَّـٰيَۖ أَتُهۡلِكُنَا بِمَا فَعَلَ ٱلسُّفَهَآءُ مِنَّآۖ إِنۡ هِيَ إِلَّا فِتۡنَتُكَ تُضِلُّ بِهَا مَن تَشَآءُ وَتَهۡدِي مَن تَشَآءُۖ أَنتَ وَلِيُّنَا فَٱغۡفِرۡ لَنَا وَٱرۡحَمۡنَاۖ وَأَنتَ خَيۡرُ ٱلۡغَٰفِرِينَ
Мӯсо барои ваъдагоҳи Мо аз миёни қавмаш ҳафтод мардро бигирифт. Чун зилзила онҳоро фурӯ гирифт, гуфт: «Эй Парвардигори ман, агар мехостӣ онҳоро ва маро пеш аз ин ҳалок мекардӣ. Оё ба хотири корҳое, ки бехирадони мо анҷом додаанд, моро ба ҳалокат мерасонӣ? Ва ин ҷуз имтиҳони Ту нест. Ҳар касро бихоҳӣ, ба он гумроҳ мекунӣ ва ҳар касро бихоҳӣ, ҳидоят. Ту ёвари мо ҳастӣ, моро биёмурз ва бар мо бибахшой, ки Ту беҳтарини бахшояндагонӣ!
Tajik - Tajik translation