Ва қавми Мӯсо пас аз [рафтани] ӯ [ба кӯҳи Тур] аз зеварҳояшон муҷассамаи гӯсолаеро сохтанд [ва парастиданд], ки садое [ҳамчун садои гӯсола] дошт. Оё намедиданд, ки [он пайкари беҷон] бо онон сухан намегӯяд ва ба роҳе ҳидояташон намекунад? Онро [ба парастиш] гирифтанд ва [ба хотири ин ширк нисбат ба хеш] ситамгор буданд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
148. Қавми Мӯсо баъд аз рафтани ӯ ба ваъдагоҳи Парвардигораш ба кӯҳи Тур аз зеварҳояшон шакли гӯсолае сохтанд ва онро маъбуди худ гирифтанд, ки ӯ ҷасаде буд. (1) Оё намебинанд, ки он гӯсола бо онҳо сухан намегӯяд ва онҳоро ба ҳеҷ роҳе ҳидоят намекунад?»
Онро барои худ маъбуд гирифтанд ва бар худ ситам карданд.
____________________
1. Ҷасадеро сохтанд аз тилло ва ҷон надошт ва аз он овозе мебаромад. Тафсири Бағавӣ 3\283
Онро барои худ маъбуд гирифтанд ва бар худ ситам карданд.
____________________
1. Ҷасадеро сохтанд аз тилло ва ҷон надошт ва аз он овозе мебаромад. Тафсири Бағавӣ 3\283
الترجمة الطاجيكية
وَٱتَّخَذَ قَوۡمُ مُوسَىٰ مِنۢ بَعۡدِهِۦ مِنۡ حُلِيِّهِمۡ عِجۡلٗا جَسَدٗا لَّهُۥ خُوَارٌۚ أَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّهُۥ لَا يُكَلِّمُهُمۡ وَلَا يَهۡدِيهِمۡ سَبِيلًاۘ ٱتَّخَذُوهُ وَكَانُواْ ظَٰلِمِينَ
Қавми Мӯсо баъд аз ӯ аз зеварҳояшон шакли гӯсолае сохтанд, ки овоз мекард. Оё намебинанд, ки он гӯсола бо онҳо сухан намегӯяд ва онҳоро ба хеҷ роҳе ҳидоят намекунад?» Онро ба худоӣ гирифтанд ва бар худ ситам карданд.
Tajik - Tajik translation