Ва он гоҳ ки [дар оғози ҷанги Уҳуд] ба фармони Ӯ онон [кофирон]-ро мекуштед, ба ростӣ, Аллоҳ таоло ваъдаи худро ба шумо таҳаққуқ бахшид, то [тарсидед ва дар ҳифзи мавқеияти худ] суст шудед ва дар кор [-и ҷангу ҷамъоварии ғанимат] бо якдигар ба низоъ пардохтед; ва пас аз он ки [Аллоҳ таоло] он чиро дӯст медоштед [пирӯзӣ], ба шумо нишон дод, [аз дастури паёмбар] сарпечӣ кардед; бархе аз шумо хоҳони дунё буданд ва бархе хоҳони охират. Сипас [Аллоҳ таоло] барои он ки шуморо биёзмояд, аз [таъқиби] онон мунсарифатон кард [ва пирӯзиятон ба шикаст анҷомид] ва [чун аз гуноҳ ва кӯтоҳии худ дар нофармонӣ аз расул пушаймон шудед] аз шумо даргузашт; ва Аллоҳ таоло нисбат ба муъминон бахшиш [-и бисёр] дорад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
152. Аллоҳ ба ваъдае, ки барои шумо карда буд, вафо кард, он гоҳ ки ба амри Ӯ душманро дар ҷанги Уҳуд мекуштед. Ва чун ғаниматеро, ки ҳаваси онро дар фикр доштед, ба шумо нишон дод, сустӣ кардед ва дар он амр ба низоъ пардохтед оё дар ҷоятон боқӣ мемонед ё он ҷойро тарк мекунед ва ба ҷамъи ғанимат меравед?(1)
Ва нофармонии амри паёмбаратон кардед, ки ба шумо гуфта буд дар ягон ҳолат ҷойҳои худро тарк накунед, пас аз сабаби ин нофармонбардори мағлуб шудед, баъд аз он ки пирӯзиро ба даст оварда будед. Маълум шуд миёни шумо касоне буданд, ки ғанимат мехостанд, ва касоне буданд, ки охиратро талаб мекарданд. Он гоҳ барои имтиҳон бозгардонид шуморо вақте ки гурехтед. Ҳамоно Аллоҳ донист пушаймониатонро ва шуморо бахшид. Ва Аллоҳ соҳиби фазлу раҳмат аст бар мӯъминон(2).
____________________
1. Он чизе,ки дар майдони ҷанг ба даст оварда мешавад аз пулу мол 2. Тафсири Бағавӣ 2/118

الترجمة الطاجيكية
وَلَقَدۡ صَدَقَكُمُ ٱللَّهُ وَعۡدَهُۥٓ إِذۡ تَحُسُّونَهُم بِإِذۡنِهِۦۖ حَتَّىٰٓ إِذَا فَشِلۡتُمۡ وَتَنَٰزَعۡتُمۡ فِي ٱلۡأَمۡرِ وَعَصَيۡتُم مِّنۢ بَعۡدِ مَآ أَرَىٰكُم مَّا تُحِبُّونَۚ مِنكُم مَّن يُرِيدُ ٱلدُّنۡيَا وَمِنكُم مَّن يُرِيدُ ٱلۡأٓخِرَةَۚ ثُمَّ صَرَفَكُمۡ عَنۡهُمۡ لِيَبۡتَلِيَكُمۡۖ وَلَقَدۡ عَفَا عَنكُمۡۗ وَٱللَّهُ ذُو فَضۡلٍ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Худо ба ваъдае, ки бо шумо ниҳода буд, вафо кард, он гоҳ ки ба амри Ӯ душманро мекуштед. Ва чун ғаниматеро, ки ҳаваси онро дар сар доштед, ба шумо нишон дод, сустӣ кардед ва дар он амр ба низоъ пардохтед ва нофармонӣ варзидед. Баъзе хостори дунё шудед ва баъзе хостсри охират. Сипас то шуморо ба балое мубтало кунад, ба гурехтан водошт! Инак шуморо бибахшид, ки Ӯро ба мӯъминон бахшоишест!
Tajik - Tajik translation