Сипас [Аллоҳ таоло] баъд аз он андӯҳ оромише бар шумо фурӯ фиристод, [ба гунае] ки гурӯҳе аз шуморо [ба сабаби итминону оромише, ки дар дилҳояшон буд] хоби сабук фаро гирифт ва гурӯҳи дигар [мунофиқин] танҳо дар фикри ҷони худ буданд ва дар бораи Аллоҳ таоло гумонҳои нораво [ва ботиле] ҳамчун гумонҳои [даврони] ҷоҳилият доштанд. Онон мегуфтанд: "Оё мо дар ин кор ихтиёре дорем"? [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Ҳамаи корҳо [ва шикасту пирӯзӣ] ба дасти Аллоҳ таоло аст". Онҳо чизеро дар дилҳояшон пинҳон медоранд, ки барои ту ошкор намесозанд, [ва] мегӯянд: "Агар дар ин кор ихтиёр доштем, дар ин ҷо кушта намешудем". Бигӯ: "Агар шумо дар хонаҳои худ низ будед, касоне, ки кушта шудан бар онон муқаррар шуда буд, ҳатман, [бо пойи худ] ба сӯйи қатлгоҳҳои хеш мерафтанд". Ва [ин рӯйдодҳо] барои он аст, ки Аллоҳ таоло он чиро дар синаҳоятон [пинҳон] доред [дар амал] биёзмояд ва он чиро дар дилҳоятон аст, пок гардонад; ва Аллоҳ таоло ба [рози] даруни синаҳо доност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
154. Ва пас аз ғаме, ки ба шумо расида буд, оромишро бар шумо фуруд овард, ба гунае, ки хоби сабуке гурӯҳе аз шуморо фаро гирифт.
Ва ин гурӯҳ мӯъминон буданд. Аммо гурӯҳи дигар, касоне буданд, ки фақат дар фикри худашон буданд, ба хотири ин ки мунофиқ буданд ё ин ки имонашон заъиф буд, бино бар ин хобе, ки дигаронро фаро гирифта буд, ба онҳо нарасид. Ва гуфтанд: Мо аз пирӯзӣ баҳрае надорем, пас нисбат ба Парвардигор ва Паёмбараш гумони бад бурданд ва тасаввур карданд, ки Аллоҳ Паёмбарро ёрӣ намедиҳад. Бигӯ: Ҳама кор аз они Аллоҳ аст. Мунофиқон дар дили худ чизҳоеро пинҳон медоранд, ки онро барои ту ошкор намекунанд. Мегӯянд: Агар бо мо дар ин амр бо розигӣ машварате мешуд, дар инҷо кушта намешудем. Бигу: Агар дар хонаҳоятон ҳам мебудед, ҳароина касоне ки бар онҳо кушта шудан муқаддар шуда буд ба маҳалли кушта шудани худ берун меомаданд. Ва то Аллоҳ он чиро аз нифоқ ё заъфи имон дар дилҳоятон доред, биёзмоид, то дилҳоятонро аз васвасаҳои шайтон, ки дар он асар гузоштааст, холис ва пок гардонад. Ва Аллоҳ ба он чи дар дилҳост, огоҳ аст.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/153

الترجمة الطاجيكية
ثُمَّ أَنزَلَ عَلَيۡكُم مِّنۢ بَعۡدِ ٱلۡغَمِّ أَمَنَةٗ نُّعَاسٗا يَغۡشَىٰ طَآئِفَةٗ مِّنكُمۡۖ وَطَآئِفَةٞ قَدۡ أَهَمَّتۡهُمۡ أَنفُسُهُمۡ يَظُنُّونَ بِٱللَّهِ غَيۡرَ ٱلۡحَقِّ ظَنَّ ٱلۡجَٰهِلِيَّةِۖ يَقُولُونَ هَل لَّنَا مِنَ ٱلۡأَمۡرِ مِن شَيۡءٖۗ قُلۡ إِنَّ ٱلۡأَمۡرَ كُلَّهُۥ لِلَّهِۗ يُخۡفُونَ فِيٓ أَنفُسِهِم مَّا لَا يُبۡدُونَ لَكَۖ يَقُولُونَ لَوۡ كَانَ لَنَا مِنَ ٱلۡأَمۡرِ شَيۡءٞ مَّا قُتِلۡنَا هَٰهُنَاۗ قُل لَّوۡ كُنتُمۡ فِي بُيُوتِكُمۡ لَبَرَزَ ٱلَّذِينَ كُتِبَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡقَتۡلُ إِلَىٰ مَضَاجِعِهِمۡۖ وَلِيَبۡتَلِيَ ٱللَّهُ مَا فِي صُدُورِكُمۡ وَلِيُمَحِّصَ مَا فِي قُلُوبِكُمۡۚ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ
Он гоҳ пас аз он андӯҳ, Худо ба шумо эминӣ арзонӣ дошт, чукон ки гурӯҳеро хоби ором фурӯ гирифт. Аммо гурӯҳе дигар, ки чун мардуми асри ҷоҳилӣ ба Худо гумони ботил доштанд, ҳанӯз дар фикри андӯҳи хеш буданд ва мегуфтанд: «Оё ҳаргиз кор ба дасти мо хоҳад афтод?» Бигӯ: «Ҳамаи корҳо ба дасти Худост». Онон дар дили худ чизеро пинҳон медоранд, ки намехоҳанд барои ту ошкораш созанд. Мегӯянд: «Агар моро ихтиёре буд, ин ҷо кушта намешудем». Бигӯ: «Агар дар хонаҳои худ ҳам мебудед, касоне, ки кушта шудан бар онҳо муқаррар шудааст, аз хона ба қатлгоҳашон берун мерафтанд. Худо он чиро, ки дар сина доред, меозмояд ва дилҳоятонро пок мегардонад». Ва Худо ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст!
Tajik - Tajik translation