[Эй асҳоби Муҳаммад], оё пиндоштаед, ки [танҳо бо иддаои имон] ба биҳишт меравед, ҳол он ки Аллоҳ таоло ҳанӯз ҷиҳодгарону шикебоёни шуморо маълум надоштааст?
الترجمة الطاجيكية - عارفي
142. Оё гумон доред (эй ёрони Муҳаммад (алайҳиссалоту вассалом), ки ба биҳишт хоҳед рафт, ҳол он ки имтиҳон карда нашудаед ба вазниниҳои ҷанг ва ба биҳишт дохил нахоҳед шуд то он даме, ки имтиҳон карда шавед ва Аллоҳ маълум мекунад аз миёни шумо чӣ касоне дар роҳи Ӯ ҷиҳод мекунанд ва чӣ касоне дар муқобили душман сабр мекунанд?
الترجمة الطاجيكية
أَمۡ حَسِبۡتُمۡ أَن تَدۡخُلُواْ ٱلۡجَنَّةَ وَلَمَّا يَعۡلَمِ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ جَٰهَدُواْ مِنكُمۡ وَيَعۡلَمَ ٱلصَّـٰبِرِينَ
Оё гумон доред, ки ба биҳишт хоҳед рафт ва ҳол он ки ҳанӯз Худо маълум накардааст, ки аз миёни шумо чӣ касоне ҷиҳод мекунанд ва чӣ касоне сабр мекунанд?
Tajik - Tajik translation