Эй касоне, ки имон овардаед, аз ғайри худатон [дӯсту] ҳамроз нагиред. Онон аз ҳеҷ нобакорӣ [ва шарре] дар ҳаққи шумо кӯтоҳӣ намекунанд [ва] дӯст доранд, ки шумо дар ранҷу заҳмат бошед. Дар ҳақиқат, [нишонаҳои] душманӣ аз гуфторашон ошкор аст ва он чи дар дилҳояшон пинҳон медоранд бузургтар аст. Агар бияндешед, ҳатман, [хоҳед донист, ки] мо нишонаҳо [-и пандомӯз ва роҳи саодати дунё ва охират]-ро бароятон ба равшанӣ баён кардаем
الترجمة الطاجيكية - عارفي
118. Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва расули Ӯ ва амал кардед ба шариати Ӯ. Аз ғайри худатон кофиронро дӯсти пинҳонӣ барнагиред, онҳо аз расондани ҳар гуна зиён ва бадӣ ба шумо худдорӣ намекунанд, дӯст доранд, ки шумо гирифтори ранҷ ва машаққат шавед. Душмание, ки аз даҳони онҳо ошкор аст ва он чи, ки дар дил пинҳон доранд, бузургтараст. Ба ростӣ, ки оётро барои шумо баён намудем, агар биандешед.
амрро бароятон равшан кардааст. Чаро шумо онҳоро дӯст доред? Панд гиред аз оёти Аллоҳ ва ҳушёр бошед!
амрро бароятон равшан кардааст. Чаро шумо онҳоро дӯст доред? Панд гиред аз оёти Аллоҳ ва ҳушёр бошед!
الترجمة الطاجيكية
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّخِذُواْ بِطَانَةٗ مِّن دُونِكُمۡ لَا يَأۡلُونَكُمۡ خَبَالٗا وَدُّواْ مَا عَنِتُّمۡ قَدۡ بَدَتِ ٱلۡبَغۡضَآءُ مِنۡ أَفۡوَٰهِهِمۡ وَمَا تُخۡفِي صُدُورُهُمۡ أَكۡبَرُۚ قَدۡ بَيَّنَّا لَكُمُ ٱلۡأٓيَٰتِۖ إِن كُنتُمۡ تَعۡقِلُونَ
Эй касоне, ки имон овардаед, дӯсти ҳамрозе ғайр аз ҳамдинони худ магиред, ки дигарон аз ҳеҷ фасоде дар хаққи шумо кӯтоҳӣ намекунанд ва хостори ранҷу машаққати шумоянд. Ва душманӣ аз гуфторашон ошкор аст ва он кина, ки дар дил доранд, бештар аст аз он чӣ ба забон меоваранд. Оётро бароятон ошкор сохтем, агар ба ақл дарёбед!
Tajik - Tajik translation