Ва [рӯзи қиёмат Аллоҳи мутаол мефармояд] «ҳамон гуна ки шуморо нахустин бор [бидуни молу мақом] офаридем, [акнун низ] ҳатман, танҳо ба сӯйи мо омадаед ва он чиро ба шумо арзонӣ карда будем, пушти сари худ [дар дунё] вогузоштед ва [маъбудону] шафоатгаронеро, ки дар [кори] хеш шарикони [Аллоҳ таоло] мепиндоштед, ҳамроҳатон намебинем. Ба ростӣ, пайванди миёни шумо гусаста аст ва он чи [шарики мо ва шафеъи худ] мепиндоштед, гум гаштааст»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
94. Ҳароина танҳо-танҳо, он тавр ки дар оғоз шуморо биёфаридем, назди мо омадаед барои ҳисобу китоб, дар ҳоле ки ҳар чиро, ки ба шумо дода будем аз моли дунё, пушти сар ниҳодаед ва ҳеҷ як аз шафоъаткунандаҳое, ки аз бутҳо мепиндоштед ва онҳоро дар ибодати Аллоҳ шарик мекардед, ҳамроҳатон намебинем. Ҳамоно аз ҳам бурида шуд пайвандии шумо бо бутҳо ва он эътиқоде, ки доштед (1) рафт ва ниҳоят шумо зиён кардед. (2)
____________________
1. Яъне бутҳо шарикони Аллоҳанд
2. Тафсири Ибни Касир 3/ 303
____________________
1. Яъне бутҳо шарикони Аллоҳанд
2. Тафсири Ибни Касир 3/ 303
الترجمة الطاجيكية
وَلَقَدۡ جِئۡتُمُونَا فُرَٰدَىٰ كَمَا خَلَقۡنَٰكُمۡ أَوَّلَ مَرَّةٖ وَتَرَكۡتُم مَّا خَوَّلۡنَٰكُمۡ وَرَآءَ ظُهُورِكُمۡۖ وَمَا نَرَىٰ مَعَكُمۡ شُفَعَآءَكُمُ ٱلَّذِينَ زَعَمۡتُمۡ أَنَّهُمۡ فِيكُمۡ شُرَكَـٰٓؤُاْۚ لَقَد تَّقَطَّعَ بَيۡنَكُمۡ وَضَلَّ عَنكُم مَّا كُنتُمۡ تَزۡعُمُونَ
Албатта танҳо-танҳо, он тавр ки дар оғоз "шуморо биёфаридем, назди мо омадаед, дар ҳоле ки ҳар чиро, ки арзонатом дошта будем, пушти сар ниҳодаед ва ҳеҷ як аз шафеъонатонро, ки мепиндоштед, бо шумо шариканд, ҳамроҳатон намебинем. Аз ҳам бурида шудаед ва пиндори худро гумгашта ёфтаед.
Tajik - Tajik translation