Ӯст, ки боғҳое [бо буттаҳои] дорбастдор ва [дарахтони] бедорбаст падид овард ва [низ] дарахти хурмо ва зироате, ки меваҳояш гуногун аст ва дарахти зайтун ва анор, ки [баргҳояшон] ҳаммонанд ва [меваҳояшон] ноҳаммонанд аст. [Эй мардум] Аз меваи он чун ба бор нишаст, бихӯред ва рӯзи чиданаш ҳаққи [закоти бенавоён аз] онро бипардозед, ва [-ле] исроф накунед, [чаро ки] бе тардид, Ӯ исрофкоронро дӯст намедорад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
141. Ва Ӯст, ки боғҳое офарид густарда бар замин (мисли ангур) ва низ гайри густарда (мисли хурмо) ва дарахти хурмову киштзор бо таъмҳои гуногун ва зайтуну анор монанди якдигар, дар манзарашон ва гуногун дар маззаашон. Чун ҳосил карданд, аз онҳо бихӯред ва дар рӯзи дарав ва ҷамъоварӣ ҳаққи (закоти) онро низ бипардозед ва исроф макунед. Ҳамоно Аллоҳ исрофкоронро дӯст надорад!
الترجمة الطاجيكية
۞وَهُوَ ٱلَّذِيٓ أَنشَأَ جَنَّـٰتٖ مَّعۡرُوشَٰتٖ وَغَيۡرَ مَعۡرُوشَٰتٖ وَٱلنَّخۡلَ وَٱلزَّرۡعَ مُخۡتَلِفًا أُكُلُهُۥ وَٱلزَّيۡتُونَ وَٱلرُّمَّانَ مُتَشَٰبِهٗا وَغَيۡرَ مُتَشَٰبِهٖۚ كُلُواْ مِن ثَمَرِهِۦٓ إِذَآ أَثۡمَرَ وَءَاتُواْ حَقَّهُۥ يَوۡمَ حَصَادِهِۦۖ وَلَا تُسۡرِفُوٓاْۚ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُسۡرِفِينَ
Ва Ӯст, ки боғҳое офарид мӯҳтоҷ ба поя ва низ худ танадор ва дарахти хурмову киштзор бо таъмҳои гуногун ва зайтуну анор, монанд, дар (мазаашон) номонанд. Чун самара оварданд, аз онҳо бихӯред ва дар рӯзи дарав ҳаққи онро низ бипардозед ва исроф макунед, ки Худо исрофкоронро дӯст надорад!
Tajik - Tajik translation