[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Кист, ки шуморо аз торикиҳо [ва сахтиҳои] хушкӣ ва дарё наҷот медиҳад? [Дар ҳоле ки] Ӯро ба зорӣ ва пинҳонӣ мехонед [ва мегӯед] “Агар моро аз ин [вартаи марг] наҷот диҳад, ҳатман, аз сипосгузорон хоҳем буд”»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
63. Бигӯ (эй Паёмбар ба мушрикон): «чӣ касе шуморо аз ваҳшатҳои хушкӣ вақте, ки дар биёбон мемонед ва дар дарё вақте, ки ба киштӣ савор мешаведу роҳро гум мекунед наҷот медиҳад? Муноҷот мекунед ба ҷониби Ӯ ба зорӣ ва дуъоҳои пинҳони мегӯед: агар наҷот диҳад Аллоҳ моро аз ин ранҷу меҳнату бало, ҳамоно аз сипосгузорон хоҳем буд».. (1)
____________________
1. Яъне Ӯро яккаву ягона ибодат мекунем.Тафсири Табарӣ 11/ 414
____________________
1. Яъне Ӯро яккаву ягона ибодат мекунем.Тафсири Табарӣ 11/ 414
الترجمة الطاجيكية
قُلۡ مَن يُنَجِّيكُم مِّن ظُلُمَٰتِ ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِ تَدۡعُونَهُۥ تَضَرُّعٗا وَخُفۡيَةٗ لَّئِنۡ أَنجَىٰنَا مِنۡ هَٰذِهِۦ لَنَكُونَنَّ مِنَ ٱلشَّـٰكِرِينَ
Бигӯ: «Чӣ касе шуморо аз ваҳшатҳои хушкиву даре мерахонад? Ӯро ба зорӣ ва дар ниҳон мехонед, ки агар аз ин маҳлака моро бираҳонад, мо низ аз шукргузорон хоҳем буд».
Tajik - Tajik translation