[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ман намегӯям, ки ганҷинаҳои Аллоҳ таоло назди ман аст ва ғайб [низ] намедонам ва ба шумо намегӯям, ки ман фариштаам. Ман аз чизе пайравӣ намекунам магар аз он чи ки ба ман ваҳй мегардад». Бигӯ: «Оё нобино ва бино [кофир ва муъмин] яксонанд? Оё намеандешед»?
الترجمة الطاجيكية - عارفي
50. Бигӯ (эй Паёмбар ба он мушрикон:) «Ба шумо намегӯям, ки хазинаҳои Аллоҳ назди ман аст. Ва илми ғайб ҳам намедонам. Ва намегӯям, ки фариштае ҳастам. Танҳо аз чизе пайравӣ мекунам, ки бар ман ваҳй шудааст». Бигӯ (эй Паёмбар:) «Оё нобино ва бино баробар мешаванд. Чаро андеша намекунед дар оятҳои Аллоҳ, то ҳақиқатро дарёбед?» (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/372
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/372
الترجمة الطاجيكية
قُل لَّآ أَقُولُ لَكُمۡ عِندِي خَزَآئِنُ ٱللَّهِ وَلَآ أَعۡلَمُ ٱلۡغَيۡبَ وَلَآ أَقُولُ لَكُمۡ إِنِّي مَلَكٌۖ إِنۡ أَتَّبِعُ إِلَّا مَا يُوحَىٰٓ إِلَيَّۚ قُلۡ هَلۡ يَسۡتَوِي ٱلۡأَعۡمَىٰ وَٱلۡبَصِيرُۚ أَفَلَا تَتَفَكَّرُونَ
Бигӯ; «Ба шумо намегӯям, ки хазинаҳои Худо назди ман аст. Ва илми ғайб ҳам намедонам. Ва намегӯям, ки фариштае ҳастам. Танҳо ба чизе пайравӣ мекунам, ки бар ман ваҳй шудааст». Бигӯ: «Оё нобинову бино яксонанд? Чаро намеандешед?»
Tajik - Tajik translation