Ва пеш аз ту низ паёмбароне такзиб шудаанд, вале бар он чи такзиб шуданд ва озор диданд, шикебоӣ карданд, то [саранҷом] ёрии мо бар онон фаро расид ва суханони Аллоҳ таоло [дар мавриди пирӯзии паёмбаронаш]-ро ҳеҷ тағйирдиҳандае нест [ки монеъ гардад] ва мусалламан, ахбори паёмбарони [пешин ва достони шикасти душманонашон] ба ту расидааст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
34. Ҳамоно кофирон паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, дурӯғгӯ шумориданд, пас онҳо бар он ранҷу озорҳо сабр карданд ва даъваташонро давом доданд, то ёрии мо фаро расидашон. Ва суханони Аллоҳро (1) тағйирдиҳандае нест. Ва ҳароина қиссаи баъзе аз ахбори паёмбарон, ки умматҳояшон бо онҳо чи ситамҳо кардаанд, бар ту нозил шудааст. (2)
____________________
1. Яъне ҳукм кардааст, ки паёмбаронашро пирӯз мегардонад.
2. Тафсири Бағавӣ 3/140
____________________
1. Яъне ҳукм кардааст, ки паёмбаронашро пирӯз мегардонад.
2. Тафсири Бағавӣ 3/140
الترجمة الطاجيكية
وَلَقَدۡ كُذِّبَتۡ رُسُلٞ مِّن قَبۡلِكَ فَصَبَرُواْ عَلَىٰ مَا كُذِّبُواْ وَأُوذُواْ حَتَّىٰٓ أَتَىٰهُمۡ نَصۡرُنَاۚ وَلَا مُبَدِّلَ لِكَلِمَٰتِ ٱللَّهِۚ وَلَقَدۡ جَآءَكَ مِن نَّبَإِيْ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
Паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, дурӯғгуфтанд, вале онҳо бар он дурӯғу озор сабр карданд, то ёрии мо фаро расидашон. Ва суханони Худоро тағйирдиҳандае нест. Ва албатта баъзе аз ахбори паёмбарон бар ту нозил шудааст,.
Tajik - Tajik translation