Ва Ӯст, ки шуморо ҷойнишини [пешиниён дар] замин қарор дод ва дараҷоти бархе аз шуморо [дар офариниш ва сарват] бар бархи дигар бартарӣ дод, то [ба василаи] он чи ба шумо додааст, озмоишатон кунад. Бе тардид, Парвардигорат зудкайфар аст ва яқинан Ӯ бисёр омурзанда [ва] меҳрубон аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
165. Ӯст Аллоҳе, ки шуморо халифагони замин кард ва баъзеро бар баъзи дигар ба дараҷаҳо бартарӣ дод, то шуморо дар чизе, ки додааст, биёзмояд. Албатта Парвардигорат касеро, ки аз Ӯ нофармонӣ кунад, зуд ҷазо медиҳад ва албатта Ӯ бахшандаву меҳрубон аст, ба касе ки ба Вай имон биёварад ва амали солеҳ анҷом диҳад ва аз гуноҳи кабира тавба кунад!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/290
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/290
الترجمة الطاجيكية
وَهُوَ ٱلَّذِي جَعَلَكُمۡ خَلَـٰٓئِفَ ٱلۡأَرۡضِ وَرَفَعَ بَعۡضَكُمۡ فَوۡقَ بَعۡضٖ دَرَجَٰتٖ لِّيَبۡلُوَكُمۡ فِي مَآ ءَاتَىٰكُمۡۗ إِنَّ رَبَّكَ سَرِيعُ ٱلۡعِقَابِ وَإِنَّهُۥ لَغَفُورٞ رَّحِيمُۢ
Ӯст Худое, ки шуморо халифагони замин кард ва баъзеро бар баъзи дигар ба дараҷаҳо бартарӣ дод, то шуморо дар чизе, ки атоятон кардааст, биёзмояд. Албатта Парвардигорат зуд ҷазо медиҳад ва Ӯ бахшояндаву меҳрубон аст!
Tajik - Tajik translation