Пеш аз онон қавми Нуҳ ва пас аз онон низ гурӯҳҳои дигаре [ҳамчун қавми Од ва Самуд ва Лут низ паёмбаронашонро] дурӯғгӯ шумурданд ва ҳар қавме хост паёмбарашро дастгир кунад [ва ба қатл бирасонад]. Онон ба ботил муҷодала карданд, то бад-он васила ҳақро аз миён бардоранд. Ман низ ононро азоб кардам. [Пас, бингаред, ки] азоби Ман чи гуна буд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
5. Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва гурӯҳҳое, ки баъд аз онҳо буданд, монанди Од ва Самуд паёмбарашонро дурӯғгӯ бароварданд. Ва қасд кард ҳар уммате ба паёмбари худ, то ӯро бигиранд (азоб диҳанд, ё ҳалок кунанд) ва ҳуҷҷатоварӣ намуданд бо паёмбари худ ба шубуҳоту далелҳои беҳуда, то сухани ҳақро ба он далели ботили худ аз миён бардоранд. Пас, онҳоро ба ҷазо гирифтор сохтам. Пас чӣ гуна панд ва ибрате буд азобу ҷазои Ман барои касоне, ки баъди онҳо меоянд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21353
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21353
الترجمة الطاجيكية
كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوحٖ وَٱلۡأَحۡزَابُ مِنۢ بَعۡدِهِمۡۖ وَهَمَّتۡ كُلُّ أُمَّةِۭ بِرَسُولِهِمۡ لِيَأۡخُذُوهُۖ وَجَٰدَلُواْ بِٱلۡبَٰطِلِ لِيُدۡحِضُواْ بِهِ ٱلۡحَقَّ فَأَخَذۡتُهُمۡۖ فَكَيۡفَ كَانَ عِقَابِ
Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва гурӯҳҳое, ки баъд аз эшон буданд, паёмбарашонро такзиб карданд. Ва ҳар уммате оҳанги он кард, ки паёмбарашро дастгир кунад ва ба ботил ба хусумат бархост, то ҳақро аз миён бардорад. Аммо Ман онҳоро ба уқубат фурӯ гирифтам ва уқубати Ман чӣ сахт буд!
Tajik - Tajik translation