Ва [эй паёмбар] чун [вақти ҷанг] дар миёни онон будӣ ва барояшон намоз барпо доштӣ, пас, бояд гурӯҳе аз онон бо ту [ба намоз] истанд ва [ҳамчунин] бояд ҷангафзорҳояшонро бо худ баргиранд [ва як ракаатро ҳамроҳи ту бихонанд ва намозро ба сурати фуродо (танҳо) идома диҳанд] ва чун саҷда карданд [ва намозашон тамом шуд], бояд пушти саратон қарор гиранд ва бояд он дастае, ки намоз нахондаанд, биёянд ва [як ракъат] бо ту намоз бихонанд [ва пас аз ин ки намозат ба поён расид, идомаи намозашонро комил кунанд] ва [онон низ] бояд эҳтиёт кунанд ва ҷангафзорҳояшонро [дар намоз бо худ] баргиранд, [зеро] кофирон умед доранд, ки шумо аз ҷангафзорҳо ва таҷҳизоти худ ғофил шавед, то якбора бар шумо битозанд. Ва агар аз борон [ё монеаҳои дигар] дар ранҷ будед ва [ё] бемор [ва маҷруҳ] будед, гуноҳе бар шумо нест, ки ҷангафзорҳои худро [бар замин] бигзоред, вале ҷониби эҳтиётро риоя кунед. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло барои кофирон азоби хоркунанда муҳайё кардааст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
102. Ва чун вақти хавф дар байни мӯъминон бошӣ, пас эй Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам) бигзорӣ барояшон намозро, гӯруҳе аз онон бояд ба ту иқтидо кунанд ва бо худ силоҳро бигиранд ва чун ба саҷда раванд (яъне як ракъат хонанд), пас гурӯҳи дигар дар муқобили душман биистанд ва гурӯҳе дигар, ки дар баробари душманон истода буданд ва намоз нахондаанд, биёянд ва бо ту намоз бихонанд, бояд, ки бо худ
зиреҳу сипару силоҳи худро бигиранд. Кофирон дӯст доранд, то шумо аз аслиҳа ва матоъҳоятон ғофил шавед ва онгоҳ якбора бар шумо ҳамла кунанд. Ва гуноҳе нест бар шумо, агар бошад шуморо ранҷе аз борон ё бемор бошед, то аслиҳаи худро бар замин бигзоред, аммо бояд эҳтиёт ва омодагӣ дошта бошед. Ҳамоно Аллоҳ омода кардааст барои кофирон азоби дарднокро. (1)
____________________
1. Ин оят ба он далолат мекунад, кӣ намози ҷамоъат воҷиб аст. (Тафсири Саъдӣ 1/198)
зиреҳу сипару силоҳи худро бигиранд. Кофирон дӯст доранд, то шумо аз аслиҳа ва матоъҳоятон ғофил шавед ва онгоҳ якбора бар шумо ҳамла кунанд. Ва гуноҳе нест бар шумо, агар бошад шуморо ранҷе аз борон ё бемор бошед, то аслиҳаи худро бар замин бигзоред, аммо бояд эҳтиёт ва омодагӣ дошта бошед. Ҳамоно Аллоҳ омода кардааст барои кофирон азоби дарднокро. (1)
____________________
1. Ин оят ба он далолат мекунад, кӣ намози ҷамоъат воҷиб аст. (Тафсири Саъдӣ 1/198)
الترجمة الطاجيكية
وَإِذَا كُنتَ فِيهِمۡ فَأَقَمۡتَ لَهُمُ ٱلصَّلَوٰةَ فَلۡتَقُمۡ طَآئِفَةٞ مِّنۡهُم مَّعَكَ وَلۡيَأۡخُذُوٓاْ أَسۡلِحَتَهُمۡۖ فَإِذَا سَجَدُواْ فَلۡيَكُونُواْ مِن وَرَآئِكُمۡ وَلۡتَأۡتِ طَآئِفَةٌ أُخۡرَىٰ لَمۡ يُصَلُّواْ فَلۡيُصَلُّواْ مَعَكَ وَلۡيَأۡخُذُواْ حِذۡرَهُمۡ وَأَسۡلِحَتَهُمۡۗ وَدَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَوۡ تَغۡفُلُونَ عَنۡ أَسۡلِحَتِكُمۡ وَأَمۡتِعَتِكُمۡ فَيَمِيلُونَ عَلَيۡكُم مَّيۡلَةٗ وَٰحِدَةٗۚ وَلَا جُنَاحَ عَلَيۡكُمۡ إِن كَانَ بِكُمۡ أَذٗى مِّن مَّطَرٍ أَوۡ كُنتُم مَّرۡضَىٰٓ أَن تَضَعُوٓاْ أَسۡلِحَتَكُمۡۖ وَخُذُواْ حِذۡرَكُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ أَعَدَّ لِلۡكَٰفِرِينَ عَذَابٗا مُّهِينٗا
Ва чун ту дар миёнашон бошӣ ва барояшон намоз барпо кунӣ, бояд, ки гурӯҳе аз онҳо бо ту ба намоз биистанд ва силоҳҳои хеш бардоранд. Ва чун саҷда ба поён бурданд, баробари душман шаванд, то гурӯҳи дигар, ки намоз нахондаанд, биёянд ва бо ту намоз бихонанд. Онон низ ҳушёр бошанд ва силоҳҳои хеш бигиранд. Зеро кофирон дӯст доранд, ки шумо аз силоҳҳо ва матоъи худ ғофил шавед, то якбора бар шумо битозанд. Ва гуноҳе, содир накардаед, ҳар гоҳ аз борон дар ранҷ будед ё бемор будед, силоҳҳои худ бигзорэд, вале ҳушёрона дар фикри душман бошед. Албатта Худо барои кофирон азобе хсркунанда омода сохтааст!
Tajik - Tajik translation