Ва он шахс аз [мардуми] Миср [Азиз], ки ӯро харида буд, ба ҳамсараш гуфт: «Мақомашро гиромӣ бидор. Умед аст, ки бароямон судманд бошад ё ӯро ба фарзандӣ бигирем». Ва инчунин буд, ки Юсуфро дар [он] сарзамин арҷманд [-у муқтадир] гардонидем, то ба ӯ таъбири хоб биёмӯзем; ва Аллоҳ таоло бар кори хеш [тавоно ва] чира аст, вале бештари мардум намедонанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
21. Ва касе аз мардуми Миср (яъне азизи Миср), ки ӯро харида буд, ба занаш гуфт: «То дар ин ҷост, гиромияш бидор, шояд ба мо суде бирасонад ё ӯро ба фарзандӣ бипазирем». Ва ҳамчунин Юсуфро дар замини Миср мартабаи баланд додем ва ӯро молики хазинаҳои Миср гардонидем, то ба ӯ таъбири хоб омӯзем. Ва Аллоҳ бар кори хеш ғолиб аст. Вале бештари мардум намедонанд!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\226
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\226
الترجمة الطاجيكية
وَقَالَ ٱلَّذِي ٱشۡتَرَىٰهُ مِن مِّصۡرَ لِٱمۡرَأَتِهِۦٓ أَكۡرِمِي مَثۡوَىٰهُ عَسَىٰٓ أَن يَنفَعَنَآ أَوۡ نَتَّخِذَهُۥ وَلَدٗاۚ وَكَذَٰلِكَ مَكَّنَّا لِيُوسُفَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلِنُعَلِّمَهُۥ مِن تَأۡوِيلِ ٱلۡأَحَادِيثِۚ وَٱللَّهُ غَالِبٌ عَلَىٰٓ أَمۡرِهِۦ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ
Касе аз мардуми Миср, ки ӯро харида буд, ба занаш гуфт: «То дар ин ҷост, гиромияш бидор, шояд ба мо суде бирасонад, ё ӯро ба фарзандӣ бипазирем». Ва инчунин Юсуфро дар замин ҷой додем, то ба ӯ таъбири хоб омӯзем. Ва Худо бар кори хеш ғолиб аст. Вале бештари мардум намедоканд!
Tajik - Tajik translation