Пас, [Юсуф] пеш аз бори бародараш, шурӯъ ба [ҷустуҷӯи] борҳои онон кард, сипас он [паймона]-ро аз бори бародараш берун кашид. Ин гуна барои Юсуф чораандешӣ кардем, [то битавонад Бинёминро назди худ нигаҳ дорад, зеро ӯ] тибқи оини подшоҳи [Миср] наметавонист бародарашро боздошт кунад, магар ин ки Аллоҳ таоло бихоҳад. Мо дараҷоти ҳар киро бихоҳем боло мебарем ва [бидонед, ки] фаротар аз ҳар соҳибдонише донишваре ҳаст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
76. Пас, шурӯъ кард Юсуф ба кофтукови борхалтаҳояшон, пеш аз кофтани борхалтаи бародараш (Бинёмин), баъд аз он дар охир баровард паймонаро аз борхалтаи бародараш, ҳамчунин тадбир омӯхтем барои Юсуф, чунки Юсуф омода набуд, ки асир гирад бародари худро дар дини подшоҳи Миср, лек
ба воситаи ин тадбир асир гирифтан иродаи хоси Аллоҳ буд. Баланд мегардонем мартабаи ҳар касеро, ки хоҳем ва болои ҳар соҳибилм боз донишманде ҳаст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\263
ба воситаи ин тадбир асир гирифтан иродаи хоси Аллоҳ буд. Баланд мегардонем мартабаи ҳар касеро, ки хоҳем ва болои ҳар соҳибилм боз донишманде ҳаст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\263
الترجمة الطاجيكية
فَبَدَأَ بِأَوۡعِيَتِهِمۡ قَبۡلَ وِعَآءِ أَخِيهِ ثُمَّ ٱسۡتَخۡرَجَهَا مِن وِعَآءِ أَخِيهِۚ كَذَٰلِكَ كِدۡنَا لِيُوسُفَۖ مَا كَانَ لِيَأۡخُذَ أَخَاهُ فِي دِينِ ٱلۡمَلِكِ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُۚ نَرۡفَعُ دَرَجَٰتٖ مَّن نَّشَآءُۗ وَفَوۡقَ كُلِّ ذِي عِلۡمٍ عَلِيمٞ
Пеш аз бори бародар бар бори онҳо кофтанро сар кард, он гоҳ аз бори бародараш берун овард. Ҳилае инчунин ба Юсуф омӯхтем. Дар дини он подшоҳ гирифтани бародар хаққи ӯ набуд, чизе буд, ки Худо мехост. Ҳар касро, ки бихоҳем, ба дараҷоте боло мебарем ва болои ҳар доное донотарест.
Tajik - Tajik translation