Парвардигорат туро ин гуна бармегузинад ва ба ту [илми] таъбири хобҳоро меомӯзад ва неъматашро бар ту ва бар хонадони Яъқуб тамом мегардонад, чунон ки пеш аз ин [низ] бар аҷдодат – Иброҳим ва Исҳоқ тамом кард. Бе тардид, Парвардигорат донову ҳаким аст»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
6. Ва он чунон ки дар хоб ба ту намуд, Парвардигорат туро ихтиёр мекунад ва таъбири хобро ба ту таълим медиҳад ва ҳамчунон, ки неъмати худро пеш аз ин бар падарони ту Иброҳиму Исҳоқ пурра карда буд, бар туву хонадони Яъқуб ҳам пурра мекунад, ки Парвардигорат доно аст, ҳар киро бихоҳад аз бандагонаш ихтиёр мекунад ва ҳаким аст дар ҷо ба ҷойгузории корҳои махлуқоташ!»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\561
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\561
الترجمة الطاجيكية
وَكَذَٰلِكَ يَجۡتَبِيكَ رَبُّكَ وَيُعَلِّمُكَ مِن تَأۡوِيلِ ٱلۡأَحَادِيثِ وَيُتِمُّ نِعۡمَتَهُۥ عَلَيۡكَ وَعَلَىٰٓ ءَالِ يَعۡقُوبَ كَمَآ أَتَمَّهَا عَلَىٰٓ أَبَوَيۡكَ مِن قَبۡلُ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡحَٰقَۚ إِنَّ رَبَّكَ عَلِيمٌ حَكِيمٞ
Ва инчунин Парвардигорат туро бармегузинад ва таъбири хоб меомӯзад ва ҳамчунон, ки неъмати худро пеш аз ин бар падарони ту Иброҳиму Исҳоқ комил карда буд, бар туву хонадони Яъқуб ҳам комил мекунад, ки Парвардигорат донову ҳаким аст!»
Tajik - Tajik translation