Ин паёмбарон [ки номи бархе аз онон гузашт] бархе аз эшонро [дар дарёфти ваҳй ва теъдоди пайравон] бар бархе дигар бартарӣ додем. Аз [миёни] эшон касе [ҳамчун] буд, ки Аллоҳ таоло бо ӯ сухан гуфт ва дараҷоти бархе [дигар] аз ононро боло бурд; ва ба Исо писари Марям нишонаҳои равшане [бар исботи нубувваташ] додем ва ӯро тавассути Рӯҳулқудус [Ҷабраил] таъйид [ва тақвият] кардем; ва агар Аллоҳ таоло мехост, касоне, ки баъд аз онҳо буданд, пас аз он [ҳама] нишонаҳои равшане, ки барояшон омад, бо якдигар ҷанг намекарданд; вале [бо ҳам] ихтилоф карданд ва бархе аз онон имон оварданд ва бархе куфр варзиданд; ва агар Аллоҳ таоло мехост, [ҳаргиз] бо ҳам намеҷангиданд; вале Аллоҳ таоло он чиро мехоҳад, анҷом медиҳад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
253.Баъзе аз ин паёмбарони гиромиқадрро бар баъзе дигар бартарӣ додем. Аллоҳ бо баъзе сухан(1) гуфт. (ба монанди Мӯсо ва Муҳаммад алайҳиссалом.)
Ва Аллоҳ баъзеро ба дараҷоте олӣ боло кард. (Ба монанди Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ки рисолати вай барои ҳамаи мардум ва хотами паёмбарон аст ва умматашро бар тамоми умматҳои гузашта бузург гардонд ва ғайра.)
Ва ба Исо писари Марям муъҷизаҳо додем.(2) Ва Аллоҳ ӯро ба василаи Руҳулқуддус, яъне руҳи имон ёрӣ намуд. Ва агар Аллоҳ мехост, мардуме, ки баъд аз онҳо буданд, пас аз он, ки хуҷҷатҳо бар онон ошкор шуда буд, бо якдигар ҷанг намекарданд. Вале онон ихтилоф карданд. Пас баъзе муъмин буданд ва баъзе кофир шуданд. Ва агар Аллоҳ мехост, бо ҳамдигар ҷанг намекарданд. Аммо Аллоҳ он чӣ бихоҳад анҷом медиҳад. (3)
____________________
1. Ва дар ин оят исботи сифати каломи Аллоҳ аст, ки лоиқ ба бузурши Ӯст.
2. Ба монанди бино гардондани кӯри модарзод ва шифо додани шахси мубтало ба бемории песӣ ва зиндагардондани мурдаро ба амри Адлоҳ.
3.Тафсири Саъдӣ 1 \ 109

الترجمة الطاجيكية
۞تِلۡكَ ٱلرُّسُلُ فَضَّلۡنَا بَعۡضَهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖۘ مِّنۡهُم مَّن كَلَّمَ ٱللَّهُۖ وَرَفَعَ بَعۡضَهُمۡ دَرَجَٰتٖۚ وَءَاتَيۡنَا عِيسَى ٱبۡنَ مَرۡيَمَ ٱلۡبَيِّنَٰتِ وَأَيَّدۡنَٰهُ بِرُوحِ ٱلۡقُدُسِۗ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَا ٱقۡتَتَلَ ٱلَّذِينَ مِنۢ بَعۡدِهِم مِّنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡهُمُ ٱلۡبَيِّنَٰتُ وَلَٰكِنِ ٱخۡتَلَفُواْ فَمِنۡهُم مَّنۡ ءَامَنَ وَمِنۡهُم مَّن كَفَرَۚ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَا ٱقۡتَتَلُواْ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يَفۡعَلُ مَا يُرِيدُ
Баъзе аз ин паёмбаронро бар баъзе дигар бартарӣ додем. Худо бо баъзе сухан гуфт ва баъзеро ба дараҷоте боло кард. Ва ба Исо бинни Марям; мӯъҷизаҳо додем ва ӯро ба рӯҳулқудус ёрӣ кардем. Ва агар Худо мехост, мардуме, ки баъд аз онҳо буданд, пас аз он, ки хуҷҷатҳо бар онон ошкор шуда буд, бо якдигар куштор намекарданд. Вале онон ихтилоф карданд: баъзе мӯъмин буданд ва баъзе кофир шуданд. Ва агар Худо мехост, бо ҳам қитол (куштор) намекарданд, вале Худо ҳар чӣ хоҳад мекунад.
Tajik - Tajik translation