Ва ҳангоме ки занонро талоқ [-и раҷъӣ] додед ва ба поёни [рӯзҳои] иддаи хеш расиданд, ба шоистагӣ ононро нигаҳ доред ва ё ба некиву хубӣ раҳояшон созед; ва [ҳамчун даврони ҷоҳилият] ононро ба хотири [озору] зиён расондан нигаҳ надоред, то [ба ҳуқуқашон] таҷовуз кунед; ва ҳар ки чунин кунад, ҳатман ба худ ситам кардааст; ва оёти Аллоҳро ба сухра [лаҳву лаъб] нагиред ва неъмати Аллоҳро бар худ ва он чиро, ки аз китоб [Қуръон] ва ҳикмат бар шумо нозил кардааст ва шуморо бо он панд медиҳад, ба ёд биёваред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки Аллоҳ таоло ба ҳама чиз доност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
231. Ва чун занонро талоқ додед ва ба поёни иддаи худ наздик шуданд, пас ё онҳоро ба хубӣ нигоҳ доред ва ё ба хубӣ раҳо кунед ва ҳаргиз онҳоро барои озор ва зиён расондан нигоҳ надоред, то аз ҳад таҷовуз кунед ва ҳар касе чунин кунад, бар худ ситам кардааст. Ва оёт
ва фармудаҳои Аллоҳро ба тамасхур ва бозӣ нагиред, зеро дар ин коратон аз ҳалол гузашта вориди ҳаром мешавед. Ва неъматҳои Аллоҳро шукр кунед ва он чи аз Китоб ва Суннат барои шумо нозил кардааст ва шуморо ба он панд медиҳад, ба ёд оваред ва аз Аллоҳ битарсед ва бидонед, ки Аллоҳ бар ҳар чизе доност.
ва фармудаҳои Аллоҳро ба тамасхур ва бозӣ нагиред, зеро дар ин коратон аз ҳалол гузашта вориди ҳаром мешавед. Ва неъматҳои Аллоҳро шукр кунед ва он чи аз Китоб ва Суннат барои шумо нозил кардааст ва шуморо ба он панд медиҳад, ба ёд оваред ва аз Аллоҳ битарсед ва бидонед, ки Аллоҳ бар ҳар чизе доност.
الترجمة الطاجيكية
وَإِذَا طَلَّقۡتُمُ ٱلنِّسَآءَ فَبَلَغۡنَ أَجَلَهُنَّ فَأَمۡسِكُوهُنَّ بِمَعۡرُوفٍ أَوۡ سَرِّحُوهُنَّ بِمَعۡرُوفٖۚ وَلَا تُمۡسِكُوهُنَّ ضِرَارٗا لِّتَعۡتَدُواْۚ وَمَن يَفۡعَلۡ ذَٰلِكَ فَقَدۡ ظَلَمَ نَفۡسَهُۥۚ وَلَا تَتَّخِذُوٓاْ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ هُزُوٗاۚ وَٱذۡكُرُواْ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ وَمَآ أَنزَلَ عَلَيۡكُم مِّنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَٱلۡحِكۡمَةِ يَعِظُكُم بِهِۦۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٞ
Ҳар гоҳ занонро талоқ додед ва мӯҳлаташон қариб омад ё ононро ба некӯ тарзе нигаҳ доред ё ба некӯ тарзе раҳо созед. Ва то бар онҳо зиён бирасонед, ё ситам бикунед, нигоҳашон мадоред. Ва ҳар кас, ки чунин кунад, ба худаш ситам карда аст. Ва оёти Худоро ба масхара магиред ва аз неъмате, ки Худо ба шумо додааст ва аз оёту ҳикмате, ки барои панди шумо фиристодааст, ёд кунед ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки ӯ ба ҳама чиз огоҳ аст!
Tajik - Tajik translation