Яҳудиён гуфтанд: "Масеҳиён барҳақ [ва оини саҳеҳе] нестанд" ва масеҳиён [низ] гуфтанд: "Яҳудиён барҳақ [ва оини саҳеҳе] нестанд", дар ҳоле ки [ҳар ду гурӯҳи] онон китоб [-и осмонӣ]–ро мехонанд. Ҳамчунин, касоне [монанди мушрикон], ки [аз паёми илоҳӣ ҳеҷ] намедонанд [сухане] ҳаммонанди онон гуфтанд. Пас, Аллоҳ таоло рӯзи қиёмат дар мавриди он чи бо ҳам ихтилоф доштанд, миёнашон доварӣ хоҳад кард
الترجمة الطاجيكية - عارفي
113. Ва яҳудиён гуфтанд: Насрониён бар ҳеҷ чиз аз дини ҳақ нестанд ва инчунин насрониён дар ҳаққи яҳудиён гуфтанд. Ва ҳол он ки онон Таврот ва Инҷилро мехонданд. Ҳамчунин монанди қавли онҳо ба ҳар як диндор гуфтанд: Ту бар ҳеҷ чиз дар дини ҳақ нестӣ! Пас, Аллоҳ рӯзи қиёмат миёни онҳо дар он чӣ ихтилоф доранд, ҳукм мекунад. Ва ҳар якеро мувофиқ бар амалаш ҷазо хоҳад дод.
الترجمة الطاجيكية
وَقَالَتِ ٱلۡيَهُودُ لَيۡسَتِ ٱلنَّصَٰرَىٰ عَلَىٰ شَيۡءٖ وَقَالَتِ ٱلنَّصَٰرَىٰ لَيۡسَتِ ٱلۡيَهُودُ عَلَىٰ شَيۡءٖ وَهُمۡ يَتۡلُونَ ٱلۡكِتَٰبَۗ كَذَٰلِكَ قَالَ ٱلَّذِينَ لَا يَعۡلَمُونَ مِثۡلَ قَوۡلِهِمۡۚ فَٱللَّهُ يَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُواْ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ
Бо ин ки китоб Худоро мехонанд, яҳудон гуфтанд, ки тарсоён барҳақ наянд ва тарсоён гуфтанд, ки яҳудон барҳақ наянд. Ҳамчунин онҳо, ки ноогоҳанд сухане чун сухани онон гӯянд. Худо дар рӯзи қиёмат дар бораи он чӣ дар он ихтилоф мекунанд, миёнашон ҳукм хоҳад кард.
Tajik - Tajik translation