Аллоҳ таоло ёвар [ва корсози] касоне аст, ки имон овардаанд; ононро аз торикиҳо ба сӯйи нур берун мебарад; ва касоне, ки кофир шуданд, [корсоз ва] ёварашон тоғут аст, [ки] ононро аз нур [–и имон ва илм] ба сӯйи торикиҳо [–и куфру нодонӣ] берун мебарад. Онон аҳли оташанд [ва] дар он ҷовидонанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
257. Аллоҳ сарпараст ва корсози мӯъминон аст ононро (ба нусрат, тавфиқ ва ҳифзи худ) аз торикиҳо ба сӯи нур (яъне имон, илм, ва тоъат) берун мебарад ва касоне, ки куфр варзидаанд, парастандагони тоғутанд, ки ононро аз рӯшноии имон ба сӯи торикиҳо (яъне куфр, ҷаҳл ва маъсият) мекашонанд. Онҳо аҳли дӯзаханд ва дар он ҷовидона хоҳанд буд. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\ 111, Ибни Касир 1\685 ва Бағавӣ 1\315
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\ 111, Ибни Касир 1\685 ва Бағавӣ 1\315
الترجمة الطاجيكية
ٱللَّهُ وَلِيُّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ يُخۡرِجُهُم مِّنَ ٱلظُّلُمَٰتِ إِلَى ٱلنُّورِۖ وَٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَوۡلِيَآؤُهُمُ ٱلطَّـٰغُوتُ يُخۡرِجُونَهُم مِّنَ ٱلنُّورِ إِلَى ٱلظُّلُمَٰتِۗ أُوْلَـٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ
Худо ёвари мӯъминон аст. Онҳоро аз торикиҳо ба равшанӣ мебарад. Вале онон, ки кофир шудаанд, тоғут (бутҳо ва худоҳои дурӯғин) ёвари онҳост, ки, онҳоро аз равшанн ба торикиҳо мекашанд. Инҳо ҷаҳаннамиёнанд ва ҳамеша дар он хоҳанд буд.
Tajik - Tajik translation