Оё интизорӣ [-и онон, ки пайрави шайтонанд] ғайр аз ин аст, ки Аллоҳ таоло [дар рӯзи қиёмат барои доварӣ] дар сояҳое аз абрҳо ба сӯяшон биёяд ва фариштагон [низ барои иҷрои азоби илоҳӣ ононро иҳота кунанд] ва кор яксара шавад? Ва [огоҳ бошед, ки ҳамаи] корҳо ба сӯйи Аллоҳ таоло бозгардонда мешавад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
210. Оё ин фасодкорон ва пайравони роҳҳои шайтон баъди барпо шудани далелҳои равшан мунтазири он ҳастанд, ки рӯзи қиёмат Аллоҳ бо фариштагон дар зери соябоне аз абр наздашон биёяд ва миёни бандагонаш ба адл ҳукм намояд ва кор ба анҷом расонида шавад? Ҳол он ки ҳамаи корҳо ба сӯи Аллоҳ бармегарданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/94
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/94
الترجمة الطاجيكية
هَلۡ يَنظُرُونَ إِلَّآ أَن يَأۡتِيَهُمُ ٱللَّهُ فِي ظُلَلٖ مِّنَ ٱلۡغَمَامِ وَٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ وَقُضِيَ ٱلۡأَمۡرُۚ وَإِلَى ٱللَّهِ تُرۡجَعُ ٱلۡأُمُورُ
Оё инҳо мунтазири он ҳастанд, ки Худо бо фариштагон дар зери соябоне аз абр наздашон биёяд ва кор яксара шавад? Ҳол он ки ҳамаи корҳо ба сӯи Худо бармегарданд.
Tajik - Tajik translation