Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки Иброҳим гуфт: "Парвардигоро, ин [сарзамини Макка]-ро шаҳри амн бигардон ва аҳли онро – [яъне] касоне аз эшонро, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон овардаанд – аз меваҳои [гуногун] рӯзӣ бидеҳ". [Аллоҳ таоло] фармуд: "Ҳар ки кофир шавад, андаке баҳрамандаш месозам, сипас ӯро ба азоби оташ мекашонам ва чи бад саранҷоме аст"!
الترجمة الطاجيكية - عارفي
126. Эй Паёмбар, ба ёд ор, вақте ки Иброҳим дар дуъояш гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин шаҳри Маккаро ҷои амн гардон ва аз сокинонаш касеро, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон доранд, аз ҳар меваҳо рӯзӣ деҳ!». Аллоҳ фармуд: «Ҳар кас, ки кофир шуд, ӯро андаке дар ин дунё баҳраманд гардонам, сипас ба азоби оташ дучораш гардонам», чӣ ҷои бозгашти бадест!
الترجمة الطاجيكية
وَإِذۡ قَالَ إِبۡرَٰهِـۧمُ رَبِّ ٱجۡعَلۡ هَٰذَا بَلَدًا ءَامِنٗا وَٱرۡزُقۡ أَهۡلَهُۥ مِنَ ٱلثَّمَرَٰتِ مَنۡ ءَامَنَ مِنۡهُم بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۚ قَالَ وَمَن كَفَرَ فَأُمَتِّعُهُۥ قَلِيلٗا ثُمَّ أَضۡطَرُّهُۥٓ إِلَىٰ عَذَابِ ٱلنَّارِۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ
Ва Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин шаҳрро ҷои амне гардон ва аз мардумаш ононро, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, аз ҳар Самара рӯзӣ соз!» Гуфтем: «Ҳар кас, ки кофир шуд, ӯро андак бархӯрдорӣ диҳам, сипас ба азоби оташ дучораш гардонам», ки бад ҷои бозгаштест!
Tajik - Tajik translation