Аллоҳ таоло ҷонҳоро дар лаҳзаи марг мегирад ва[низ] ҷони касеро, ки намурдааст, ба ҳангоми хобаш [мегирад], он гоҳ ҷонҳоеро, ки ҳукми марг бар онҳо рондааст, нигаҳ медорад ва ҷони дигаронро бозпас мефиристад, то ҳангоми муайян [марг]. Дар ин [амр] барои ҳар ки биандешад, нишонаҳое [аз қиёмат] аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
42. Аллоҳ ҷонҳоро ба ҳангоми мурданашон мегирад ва ин маргест, ки аҷали инсон ба поён мерасад ва низ мегирад ҷони касонеро, ки дар хоби худ намурдаанд (яъне, аҷали онҳо ҳанӯз ба сар нарасидааст). Ҷонҳоеро, ки ҳукми марг бар онҳо ронда шуда, нигаҳ медорад ва ин ҷони касест, ки бимирад ва ҷони дигаронро то замоне, ки муайян аст, боз мефиристад ва ин ҷони касест, ки аз хоб бармехезад. Ҳароина, дар ин гирифтани ҷонҳо ва нигоҳ доштан ё пас фиристодани онҳо ибратҳои равшанест бар қудрати Аллоҳ барои онҳое, ки меандешанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\299
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\299
الترجمة الطاجيكية
ٱللَّهُ يَتَوَفَّى ٱلۡأَنفُسَ حِينَ مَوۡتِهَا وَٱلَّتِي لَمۡ تَمُتۡ فِي مَنَامِهَاۖ فَيُمۡسِكُ ٱلَّتِي قَضَىٰ عَلَيۡهَا ٱلۡمَوۡتَ وَيُرۡسِلُ ٱلۡأُخۡرَىٰٓ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمًّىۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَتَفَكَّرُونَ
Худо ҷонҳоро ба ҳангоми мурданашон мегирад ва низ ҷони касонеро, ки дар хоби худ намурдаанд. Ҷонҳоеро, ки ҳукми марг бар онҳо ронда шуда, нигаҳ медорад ва дигаронро то замоне, ки муъайян аст, бозмефиристад. Дар ин ибратҳост барои онҳое, ки меандешанд.
Tajik - Tajik translation