Гӯшту хуни ин қурбониҳо ҳаргиз ба Аллоҳ таоло намерасад, балки парҳезкории шумост, ки ба Ӯ мерасад. Ӯ онҳоро инчунин ба хидмати шумо гумошт, то Аллоҳро ба [шукронаи] он ки шуморо ҳидоят кардааст, ба бузургӣ ёд кунед ва накукоронро [ба хайру растагорӣ] башорат бидеҳ
الترجمة الطاجيكية - عارفي
37. Ҳаргиз гӯштҳо ва хунҳои қурбониён ба Аллоҳ намерасад, чунки Аллоҳ бениёз ва лоиқи ситоиш аст, балки парҳезгории шумо, (яъне ихлосу нияти шумо) ба Ӯ мерасад. Ҳамчунин онҳоро бароятон мусаххар намуд, то Аллоҳро ба хотири он, ки ҳидоятатон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед. Ва некӯкоронро мужда бидеҳ!
الترجمة الطاجيكية
لَن يَنَالَ ٱللَّهَ لُحُومُهَا وَلَا دِمَآؤُهَا وَلَٰكِن يَنَالُهُ ٱلتَّقۡوَىٰ مِنكُمۡۚ كَذَٰلِكَ سَخَّرَهَا لَكُمۡ لِتُكَبِّرُواْ ٱللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَىٰكُمۡۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Гӯшту хуни ин шутурон ба Худо намерасад. Он чӣ ба Ӯ мерасад, парҳезгории шумост. Ҳамчунин онҳоро роми шумо сохт то Худоро ба шукронаи он, ки ҳидоятатон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед. Ва некӯкоронро хушхабар деҳ!
Tajik - Tajik translation