Ва ба сӯйи [қавми] Мадян бародарашон Шуайбро [фиристодем]. Ӯ гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, ки ба ҷуз ӯ маъбуде [бар ҳақ] надоред ва паймона ва мизонро кам накунед. Ба ростӣ, шуморо дар неъмат мебинем, ва[ле] аз азоби рӯзи фарогир бар шумо метарсам
الترجمة الطاجيكية - عارفي
84. Ва бар қабилаи Мадян(1) бародарашон Шуъайб (алайҳиссалом)-ро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳи якторо бипарастед, шуморо ҳеҷ маъбуди барҳақе ҷуз Ӯ нест! Ва дар паймонаву тарозу ҳаққи мардумро кам макунед! Ҳамоно, шуморо дар неъмат ва осудагӣ мебинам. Ва ба сабаби кам карданатон дар паймонаву тарозу аз рӯзе, ки азобаш шуморо фаро гирад, метарсам.(2)
____________________
1. Қабилаи машҳуре аст, ки дар поёнгоҳи замини Фаластин зиндагӣ мекарданд. Тафсири Саъдӣ 1\ 387 2. Тафсири Табарӣ 15\443
____________________
1. Қабилаи машҳуре аст, ки дар поёнгоҳи замини Фаластин зиндагӣ мекарданд. Тафсири Саъдӣ 1\ 387 2. Тафсири Табарӣ 15\443
الترجمة الطاجيكية
۞وَإِلَىٰ مَدۡيَنَ أَخَاهُمۡ شُعَيۡبٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥۖ وَلَا تَنقُصُواْ ٱلۡمِكۡيَالَ وَٱلۡمِيزَانَۖ إِنِّيٓ أَرَىٰكُم بِخَيۡرٖ وَإِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ عَذَابَ يَوۡمٖ مُّحِيطٖ
Ва бар Мадян бародарашон Шуъайбро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Худои якторо бипарастед, шуморо ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест! Ва дар паймонаву тарозу нуқсон макунед! Инак шуморо дар неъмат мебинам. Ва аз рӯзе, ки азобаш шуморо фурӯ гирад, бимнокам.
Tajik - Tajik translation