Ва аз нишонаҳои Ӯ хоби шумо дар шаб ва рӯз ва талошатон барои баҳрагирӣ аз бахшиши Парвардигор [ва таъмини маош] аст. Бе гумон, дар ин умур барои онон, ки гӯши шунаво доранд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
23. Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургӣ ва камоли қударати Ӯ хобидани шумост дар шабу рӯз барои истироҳат ва талаби ризқу рӯзии шумо аз фазли Ӯст. Албатта, дар ин амр ибратҳоест барои мардуме, ки мешунаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\266
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\266
الترجمة الطاجيكية
وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦ مَنَامُكُم بِٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ وَٱبۡتِغَآؤُكُم مِّن فَضۡلِهِۦٓۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَسۡمَعُونَ
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯ хобидани шумост дар шаб ва рӯз ба талаби рӯзӣ бархостани шумост. Дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки мешунаванд.
Tajik - Tajik translation