Ҳангоме ки мардум [машғули истироҳат ва] бехабар буданд, Мӯсо [махфиёна] вориди шаҳр шуд ва ду мардро дид, ки бо якдигар даргир шудаанд. Яке аз онон [аз қавми Бани Исроил ва] аз дӯстони Мӯсо буд ва дигаре [қибтӣ буд ва] аз душманонаш. Пас, он ки аз дӯстони ӯ буд, алайҳи душманаш аз Мӯсо ёрӣ хост, пас, [Мӯсо] мушт [-и маҳкам]-е ба вай заду ӯро аз пой даровард [он гоҳ] гуфт: «Ин кори шайтон буд. Ҳаққо, ки ӯ душман [-и инсон ва] гумроҳкунандаи ошкоре аст»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
15. Бехабар аз мардуми шаҳр ба шаҳр дохил шуд. Ногаҳон ду танро дид, ки бо ҳам меҷанганд. Яке аз онҳо аз пайравони ӯ буд ва дигаре аз душманонаш. Пас, он кӣ аз пайравонаш буд, бар зидди он дигар, ки аз душманонаш буд, аз ӯ ёрӣ хост. Пас, Мӯсо мушти маҳкаме бар ӯ зад ва ӯро кушт(1). Гуфт: «Ин кори шайтон буд. Ҳароина, ӯ душмани гумроҳкунандаи ошкор аст».
____________________
1. Ин воқеа пеш аз паёмбарии Мӯсо алайҳиссалом буд.
____________________
1. Ин воқеа пеш аз паёмбарии Мӯсо алайҳиссалом буд.
الترجمة الطاجيكية
وَدَخَلَ ٱلۡمَدِينَةَ عَلَىٰ حِينِ غَفۡلَةٖ مِّنۡ أَهۡلِهَا فَوَجَدَ فِيهَا رَجُلَيۡنِ يَقۡتَتِلَانِ هَٰذَا مِن شِيعَتِهِۦ وَهَٰذَا مِنۡ عَدُوِّهِۦۖ فَٱسۡتَغَٰثَهُ ٱلَّذِي مِن شِيعَتِهِۦ عَلَى ٱلَّذِي مِنۡ عَدُوِّهِۦ فَوَكَزَهُۥ مُوسَىٰ فَقَضَىٰ عَلَيۡهِۖ قَالَ هَٰذَا مِنۡ عَمَلِ ٱلشَّيۡطَٰنِۖ إِنَّهُۥ عَدُوّٞ مُّضِلّٞ مُّبِينٞ
Бехабар аз мардуми шаҳр ба шаҳр дохил шуд. Ду танро дид, ки бо ҳам ҷанг мекунанд. Ин як аз пайравонаш буд ва он як аз душманонаш. Он кӣ аз пайравонаш буд, бар зидди он дигар, ки аз душманонаш буд, аз ӯ ёрӣ хост. Мӯсо муште бар ӯ зад ва ӯро кушт. Гуфт: «Ин кори шайтон буд. Ӯ ба ошкоро душмане гумроҳкунанда аст».
Tajik - Tajik translation