[Эй паёмбар] бархе аз мунофиқон ба [гуфтори] ту гӯш фаро медиҳанд ва чун аз ҳузурат хориҷ мешаванд, ба аҳли дониш [бо тамасхур] мегӯянд: «[Фаҳмидед] Лаҳазоте пеш чи мегуфт?» Аллоҳ таоло бар дилҳояшон муҳри [ғафлат] ниҳодааст ва онон аз ҳавасҳои хеш пайравӣ кардаанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
16. Ва баъзе аз мунофиқон ба ту (эй Расул) гӯш медиҳанд, то он гоҳ ки аз назди ту берун раванд, аз донишмандони асҳоби паёмбар, ки Аллоҳ ба онҳо илм додааст, масхараомезона мепурсанд: «Ин чӣ суханоне буд, ки Муҳаммад алҳол чанд лаҳза пештар гуфт:» Аллоҳ бар дилҳояшон мӯҳр ниҳодааст, ҳақро намефаҳманд ва аз пайи ҳавою ҳавасҳои худ рафтаанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/283
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/283
الترجمة الطاجيكية
وَمِنۡهُم مَّن يَسۡتَمِعُ إِلَيۡكَ حَتَّىٰٓ إِذَا خَرَجُواْ مِنۡ عِندِكَ قَالُواْ لِلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ مَاذَا قَالَ ءَانِفًاۚ أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ طَبَعَ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ وَٱتَّبَعُوٓاْ أَهۡوَآءَهُمۡ
Баъзе ба ту гӯш медиҳанд, то он гоҳ ки аз назди ту берун раванд, аз донишмандон мепурсанд: «Ин чӣ суханоне буд, ки мегуфт?» Худо бар дилҳояшон мӯҳр ниҳодааст ва аз паи ҳавоҳои худ рафтаанд.
Tajik - Tajik translation