Ва касоне, ки пас аз онон имон оварданд ва ҳиҷрат намуданд ва ба ҳамроҳи шумо [муъминон] ҷиҳод карданд, пас, онон [низ] аз шумо ҳастанд. Ва дар [ҳукми] китоби Аллоҳ таоло хешовандон [дар мерос] нисбат ба якдигар сазовортаранд. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
75. Ва ҳамчунин касоне, ки баъд аз муҳоҷирон ва ансор омадаанд ва ба хубӣ аз онон пайравӣ карда, имон овардаанд ва ҳиҷрат кардаанд ва ҳамроҳи шумо ҷиҳод кардаанд, аз шумо ҳастанд. (Яъне, он чи барои шумост, ба онон ҳам мерасад ва он чи ки ба зарари шумост, ба зарари онҳо низ мебошад) Ба ҳукми китоби Аллоҳ хешовандон ба якдигар сазовортаранд ба ҷуз асабаҳо (1) ва касоне ки дорои саҳме аз тарака ҳастанд, касе дигар аз майит мерос намебарад. Ва агар асабаҳо ва касоне, ки дорои саҳме аз тарака ҳастанд, вуҷуд надошта бошанд, наздиктарин хешовандони мурда мерос мебаранд. Ва Аллоҳ бар ҳар чизе доност! (2)
____________________
1. Падару писар ва набераҳои писари ва амаку амакбачаҳо
2. Тафсири Саъдӣ 1 \ 327
____________________
1. Падару писар ва набераҳои писари ва амаку амакбачаҳо
2. Тафсири Саъдӣ 1 \ 327
الترجمة الطاجيكية
وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنۢ بَعۡدُ وَهَاجَرُواْ وَجَٰهَدُواْ مَعَكُمۡ فَأُوْلَـٰٓئِكَ مِنكُمۡۚ وَأُوْلُواْ ٱلۡأَرۡحَامِ بَعۡضُهُمۡ أَوۡلَىٰ بِبَعۡضٖ فِي كِتَٰبِ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمُۢ
Ва касоне, ки баъдан имон овардаанд ва муҳоҷират кардаанд ва ҳамроҳи шумо ҷиҳод кардаанд, аз шумо ҳастанд. Ба ҳукми китоби Худо хешовандон ба якдигар сазовортаранд. Ва Худо бар ҳар чизе доност!
Tajik - Tajik translation