Ва онон, ки имон овардаанд мегӯянд: "Оё инҳо [мунофиқон] ҳамон касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳ таоло савгандҳои сахт мехӯрданд, ки бо шумо ҳастанд"? Аъмолашон табоҳ гашт ва зиёнкор шуданд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
53. Ва онҳое, ки имон овардаанд, (яъне, мӯъминон дар ҳоли мунофиқон дар таъаҷҷуб монда ба якдигар) мегӯянд: «Оё инҳо ҳамон касонеанд, ки ба Аллоҳ савгандҳои сахт мехӯрданд, ки бо шумо хоҳанд буд?», амалҳояшон, ки дар дунё ба ҷо оварданд ба сабаби гумони бадашон бар ислому мусалмонон ботил гардид, пас худ дар зумраи зиёнкорон даромаданд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/69
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/69
الترجمة الطاجيكية
وَيَقُولُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَهَـٰٓؤُلَآءِ ٱلَّذِينَ أَقۡسَمُواْ بِٱللَّهِ جَهۡدَ أَيۡمَٰنِهِمۡ إِنَّهُمۡ لَمَعَكُمۡۚ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ فَأَصۡبَحُواْ خَٰسِرِينَ
Онҳо, ки имон овардаанд, мегӯянд: «Оё инҳо ҳамон касонанд, ки ба Худо савгандҳои сахт мехӯрданд, ки бо шумо хоҳанд буд?». Амалҳояшон ботил гардид ва худ дар ҷумлаи зиёнкорон даромаданд.
Tajik - Tajik translation