Касе, ки донише аз китоб [-и илоҳӣ] дошт, гуфт: «Пеш аз он ки чашм бар ҳам бизанӣ, онро бароят меоварам». Пас, чун [Сулаймон] он [тахт]-ро назди худ мустақар дид, гуфт: «Ин аз фазли Парвардигори ман аст, то биозмоядам, ки оё сипос медорам ё носипосӣ мекунам. Пас, ҳар ки сипос гузорад, танҳо ба суди хеш сипос мегузорад ва ҳар ки носипосӣ кунад, пас, [ба зиёни худ носипосӣ кардааст, чаро ки] бе тардид, Парвардигорам бениёзи карим аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
40. Ва он кас, ки аз илми китоби илоҳӣ баҳрае дошт, гуфт: «Албатта, ман, пеш аз
он, ки чашм барҳам занӣ (мижа занӣ), онро назди ту меоварам». Пас Сулаймон ба ӯ рухсат дод, ӯ дуо кард ва тахти Малика оварда шуд. Чун онро назди худ дид, гуфт: «Ин бахшиши Парвардигори ман аст, то маро биёзмояд, ки сипосгузорам ё носипосӣ мекунам. Пас ҳар кӣ сипос гӯяд, барои худ гуфтааст ва ҳар кӣ ношукрӣ кунад, ҳароина, Парвардигори ман бениёзу карим аст».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\605

الترجمة الطاجيكية
قَالَ ٱلَّذِي عِندَهُۥ عِلۡمٞ مِّنَ ٱلۡكِتَٰبِ أَنَا۠ ءَاتِيكَ بِهِۦ قَبۡلَ أَن يَرۡتَدَّ إِلَيۡكَ طَرۡفُكَۚ فَلَمَّا رَءَاهُ مُسۡتَقِرًّا عِندَهُۥ قَالَ هَٰذَا مِن فَضۡلِ رَبِّي لِيَبۡلُوَنِيٓ ءَأَشۡكُرُ أَمۡ أَكۡفُرُۖ وَمَن شَكَرَ فَإِنَّمَا يَشۡكُرُ لِنَفۡسِهِۦۖ وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ رَبِّي غَنِيّٞ كَرِيمٞ
Ва он кас, ки аз илми китоб баҳрае дошт, гуфт: «Ман, пеш аз он, ки чашм бар ҳам занӣ, онро назди ту меоварам». Чун онро назди худ дид, гуфт: «Ин бахшиши Парвардигори ман аст, то маро биёзмояд, ки шукргузорам ё кофири неъмат. Пас ҳар кӣ шукр гӯяд, барои худ гуфтааст ва ҳар кӣ ношукрӣ кунад, Парвардигори ман бениёзу карим аст».
Tajik - Tajik translation