Ва ба ёд оваред неъмати Аллоҳро бар хеш ва [низ] паймоне, ки шуморо ба [анҷоми] он муваззаф гардондааст, он гоҳ ки [дар бораи даъват ба фармонбардорӣ ба паёмбар] гуфтед: "Шунидем ва итоат кардем". Ва аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед], [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи даруни синаҳост, доност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
7. Ба ёд оваред неъматеро (яъне динӣ ва дунявӣ), ки Аллоҳ ба шумо додааст ва паймонеро (яъне, итоъати Аллоҳ ва паёмбар), ки бо шумо бастааст, ба он ҳангом, ки гуфтед, шунидем оятҳои Қуръонро ва фармонбардорӣ кардем тамоми қонунҳои динро. Ва дар ҳама ҳолат аз Аллоҳ битарсед, ки Аллоҳ ба он чӣ дар дилҳо мегузарад, огоҳ аст!
الترجمة الطاجيكية
وَٱذۡكُرُواْ نِعۡمَةَ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ وَمِيثَٰقَهُ ٱلَّذِي وَاثَقَكُم بِهِۦٓ إِذۡ قُلۡتُمۡ سَمِعۡنَا وَأَطَعۡنَاۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ
Неъматеро, ки Худо ба шумо додааст ва паймонеро, ки ба шумо бастааст, ба он ҳангом, ки гуфтед, шунидем ва фармонбардорӣ кардем, ёд оваред. Ва аз Худо битарсед, ки Худо ба он чӣ дар дилҳо мегузарад, огоҳ аст!
Tajik - Tajik translation