Онҳо касоне ҳастанд, ки мегӯянд: «Ба онон, ки назди Расулуллоҳ ҳастанд, [чизе] инфоқ накунед, то [аз гирди ӯ] пароканда шаванд; ҳоло онки ганҷинаҳои осмон ва замин аз они Аллоҳ таоло аст, вале мунофиқон дарнамеёбанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
7. Инҳо (мунофиқон) ҳамонҳоянд, ки (ба аҳли Мадина) мегӯянд: «Бар онҳо, (муҳоҷирон), ки гирди паёмбари Аллоҳанд, чизе надиҳед, то аз гирдаш пароканда шаванд». Ва ҳол он ки хазинаҳои осмонҳову замин (ва он чӣ миёни онҳост аз ризқу рӯзиҳо) аз они Аллоҳ аст, (ба касе, ки хоҳад медиҳад ва аз касе, ки хоҳад бозмедорад,) вале мунофиқон (онро) намефаҳманд!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\865
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\865
الترجمة الطاجيكية
هُمُ ٱلَّذِينَ يَقُولُونَ لَا تُنفِقُواْ عَلَىٰ مَنۡ عِندَ رَسُولِ ٱللَّهِ حَتَّىٰ يَنفَضُّواْۗ وَلِلَّهِ خَزَآئِنُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَٰكِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ لَا يَفۡقَهُونَ
Инҳо ҳамонҳоянд, ки мегӯянд: «Бар онҳо, ки гирди паёмбари Худоянд, чизе надиҳед, то аз гирдаш пароканда шаванд». Ва ҳол, он ки хазинаҳои осмонҳову замин аз они Худост, вале мунофиқон намефаҳманд!
Tajik - Tajik translation