Чаро дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ намекунед, ҳол он ки мероси осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст? Касоне, ки пеш аз фатҳи [Макка] инфоқ карданд ва ҷангиданд, [бо дигарон] баробар нестанд. Дараҷаи онон волотар аз касонест, ки пас аз фатҳ инфоқ карданд ва ҷангиданд, вале Аллоҳ таоло ба ҳар ду гурӯҳ накутарин [подошҳо]-ро ваъда додааст ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
10. Ва чаро дар роҳи Аллоҳ нафақа намеқунед ва ҳол он ки аз они Аллоҳ аст мероси осмонҳову замин? Аз миёни шумо онон, ки пеш аз фатҳ шудани Макка нафақа кардаанд ва ба куффор ҷанг кардаанд, бо онон, ки баъд аз фатҳ нафақа кардаанд ва ба куффор ҷанг кардаанд, дар аҷру савоб баробар нестанд. Дараҷаҳои онон (гурӯҳи аввал) болотар аст, аз онҳое, ки баъд аз фатҳ ҷанг ва нафақа кардаанд. Ва Аллоҳ ҳар як аз ду гурӯҳро ваъдаи нек (ҷаннат) медиҳад. Ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст ва чизе бар Ӯ пӯшида нест.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\177
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\177
الترجمة الطاجيكية
وَمَا لَكُمۡ أَلَّا تُنفِقُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلِلَّهِ مِيرَٰثُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ لَا يَسۡتَوِي مِنكُم مَّنۡ أَنفَقَ مِن قَبۡلِ ٱلۡفَتۡحِ وَقَٰتَلَۚ أُوْلَـٰٓئِكَ أَعۡظَمُ دَرَجَةٗ مِّنَ ٱلَّذِينَ أَنفَقُواْ مِنۢ بَعۡدُ وَقَٰتَلُواْۚ وَكُلّٗا وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلۡحُسۡنَىٰۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ
Ва чаро дар роҳи Худо инфоқ намекунед ва ҳол он ки, аз они Худост мероси осмонҳову замин? Аз миёни шумо инҳо, ки пеш аз фатҳ инфоқ карда ва ба ҷанг рафта бо онон, ки баъд аз фатҳ инфоқ кардаанд ва ба ҷанг рафтаанд, баробар нестанд, Дараҷати онон болотар аст. Ва Худо ба ҳама ваъдаи нек медиҳад. Ва ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст.
Tajik - Tajik translation