Аз дин ҳамонро барои шумо муқаррар кард, ки ба Нуҳ амр карда буд ва низ он чи ба ту ваҳй кардем ва он чи ба Иброҳим ва Мӯсо ва Исо амр кардем, ин ки: «Динро барпо нигоҳ доред ва дар мавриди он фирқа-фирқа нашавед [ва ихтилоф наварзед]». [Пазириши] Даъвати ту бар мушрикон гарон омадааст. Аллоҳ таоло аст, ки ҳар касро бихоҳад [тавфиқи ибодат медиҳад ва] ба сӯйи хеш бармегузинад ва ҳар киро [ки тавба кунад ва ба даргоҳаш] боз ояд, ба сӯйи хеш ҳидоят хоҳад кард
الترجمة الطاجيكية - عارفي
13. Эй мардум! Аллоҳ барои шумо дину ойине муқаррар кард ва он дини Ислом аст ҳамон гунае, ки ба Нӯҳ васият карда буд, ки ба он амал намоянд ва ба мардум расонанд ва аз он чӣ бар ту эй Расул ваҳй кардаем ва ба Иброҳиму Мӯсо ва Исо васият кардаем(1), ки динро бар тавҳид ва тоъати Аллоҳ барпой нигаҳ доред ва дар он хурӯҳ-гурӯҳ нашавед.
Душвор омад бар мушрикон он чӣ онҳоро ба он даъват мекунӣ; аз ягонагии Аллоҳ ва ихлос дар ибодаташ. Аллоҳ ҳар киро бихоҳад, барои пайғамбарии худ ихтиёр менамояд ва ҳар касро, ки рӯй ба даргоҳи Ӯ оварад, ба сӯйи Худ роҳ менамояд.(2)
____________________
1. Ин панҷ паёмбар аз соҳибони азимат ба ҳисоб мераванд ва аз ҳар ҷиҳат манзалаташон аз дигар паёмбарон бузургтаранд ва комилтарини инсонҳо ҳастанд. 2. Тафсири Саъдӣ 1\754

الترجمة الطاجيكية
۞شَرَعَ لَكُم مِّنَ ٱلدِّينِ مَا وَصَّىٰ بِهِۦ نُوحٗا وَٱلَّذِيٓ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ وَمَا وَصَّيۡنَا بِهِۦٓ إِبۡرَٰهِيمَ وَمُوسَىٰ وَعِيسَىٰٓۖ أَنۡ أَقِيمُواْ ٱلدِّينَ وَلَا تَتَفَرَّقُواْ فِيهِۚ كَبُرَ عَلَى ٱلۡمُشۡرِكِينَ مَا تَدۡعُوهُمۡ إِلَيۡهِۚ ٱللَّهُ يَجۡتَبِيٓ إِلَيۡهِ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِيٓ إِلَيۡهِ مَن يُنِيبُ
Барои шумо дину оине муқаррар кард аз ҳамон гуна, ки ба Нӯҳ тавсия карда буд ва аз он чӣ бар ту ваҳй кардаем ва ба Иброҳиму Мӯсо ва Исо тавсия кардаем, ки динро барпой нигаҳ доред ва дар он фирқа-фирқа машавед. Таҳаммули он чӣ ба он даъват мекунед, бар мушрикон душвор аст. Худо ҳар киро хоҳад, барои пайғамбарии Худ интихоб мекунад ва ҳар киро ба ӯ бозгардад, ба Худ роҳ менамояд.
Tajik - Tajik translation