Ва касоне, ки паймони Аллоҳро пас аз устувор карданаш мешикананд ва он чиро, ки Аллоҳ таоло ба пайвастанаш фармон додааст [силаи раҳим] қатъ мекунанд ва дар замин [фитнаву] фасод мекунанд, инонанд, ки [дар охират] лаънат ва бад фарҷоме доранд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
25. Ва он бадбахтоне, ки паймони Аллоҳро пас аз устувор карданаш мешикананд ва он чиро, ки Аллоҳ ба пайвастани он (силаи раҳм) фармон дода, қатъ мекунанд ва дар замин фасод мекунанд, лаънат (дурӣ аз раҳмати Аллоҳ) бар онҳост ва бадиҳои он ҷаҳон (дӯзахи сӯзон) насибашон аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\428
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\428
الترجمة الطاجيكية
وَٱلَّذِينَ يَنقُضُونَ عَهۡدَ ٱللَّهِ مِنۢ بَعۡدِ مِيثَٰقِهِۦ وَيَقۡطَعُونَ مَآ أَمَرَ ٱللَّهُ بِهِۦٓ أَن يُوصَلَ وَيُفۡسِدُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ أُوْلَـٰٓئِكَ لَهُمُ ٱللَّعۡنَةُ وَلَهُمۡ سُوٓءُ ٱلدَّارِ
Ва онҳо, ки паймони Худоро пас аз бастанаш мешикананд ва он чиро, ки Худо ба пайвастани он фармон дода, қатъ мекунанд ва дар замин фасод мекунанд, лаънат бар онҳост ва бадиҳои он ҷаҳон насибашон.
Tajik - Tajik translation