Аллоҳ таоло аст, ки ҳафт осмонро офарид ва аз замин [низ] ҳаммонанди онҳоро [офарид] ва фармони [Аллоҳ таоло] пайваста дар миёни онҳо нозил мешавад, то бидонед, ки Аллоҳ таоло бар ҳар чиз тавоност ва ин ки илми Аллоҳ таоло бар ҳама чиз иҳота дорад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
12. Аллоҳ аст, ки ҳафт осмону монанди онҳо замин(1) биёфарид. Фурӯд меояд тадбири кор аз ҷониби Аллоҳ миёни осмонҳову замин, то яқин бидонед, эй одамон, ки ҳароина, Аллоҳ ба ҳар чиз қодир аст, чизе Ӯро оҷиз накунад ва ҳароина Аллоҳ ба илм бар ҳама чиз иҳота дорад, пас чизе аз илм ва қудрати Ӯ берун намешавад.
____________________
1. Яъне, ҳафт қабати заминро.
____________________
1. Яъне, ҳафт қабати заминро.
الترجمة الطاجيكية
ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَ سَبۡعَ سَمَٰوَٰتٖ وَمِنَ ٱلۡأَرۡضِ مِثۡلَهُنَّۖ يَتَنَزَّلُ ٱلۡأَمۡرُ بَيۡنَهُنَّ لِتَعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ وَأَنَّ ٱللَّهَ قَدۡ أَحَاطَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عِلۡمَۢا
Худост, он ки ҳафт осмону монанди онҳо замин биёфарид. Фармони Ӯ миёни осмонҳову замин ҷорист, то бидонед, ки Худо ба ҳар чиз қодир аст ва ба илм бар ҳама чиз иҳота дорад.
Tajik - Tajik translation