Ва [низ] Касоне, ки пас аз онҳо [пас аз муҳоҷирону ансор] омадаанд, мегӯянд: «Парвардигоро, мо ва бародаронамонро, ки дар имон бар мо пешӣ гирифтанд, биёмурз ва дар дилҳоямон нисбат ба касоне, ки имон овардаанд, кинае қарор мадеҳ. Парвардигоро, бе гумон, Ту дилсӯзи меҳрубонӣ»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
10. Ва касоне, ки аз паси онҳо (муҳоҷиру ансор) омадаанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, гуноҳони мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, биёмурз ва дар дилҳои мо нисбат ба касоне, ки имон овардаанд, ҳеҷ кинае қарор надеҳ. Эй Парвардигори мо, ҳароина, ту бо бандагони худ мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!»
الترجمة الطاجيكية
وَٱلَّذِينَ جَآءُو مِنۢ بَعۡدِهِمۡ يَقُولُونَ رَبَّنَا ٱغۡفِرۡ لَنَا وَلِإِخۡوَٰنِنَا ٱلَّذِينَ سَبَقُونَا بِٱلۡإِيمَٰنِ وَلَا تَجۡعَلۡ فِي قُلُوبِنَا غِلّٗا لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ رَبَّنَآ إِنَّكَ رَءُوفٞ رَّحِيمٌ
Касоне, ки аз паси онҳо омадаанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, бибахшо ва кинаи касонеро, ки имон овардаанд, дар дили мо ҷой мадеҳ. Эй Парвардигори мо, ту мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!»
Tajik - Tajik translation