Магар надидаӣ, ки Аллоҳ таоло он чиро, ки дар осмонҳо ва он чиро, ки дар замин аст, медонад? Ҳеҷ наҷвое миёни се нафар набошад, магар он ки Ӯ чаҳорумини онҳост ва на миёни панҷ нафар, магар он ки Ӯ шашумини онҳост ва на камтар аз ин [адад] на бештар, магар он ки ҳар куҷо бошанд, Ӯ ҳамроҳи онҳост. Сипас рӯзи қиёмат онҳоро аз он чи кардаанд, бохабар месозад. Бе гумон, Аллоҳ таоло ба ҳама чиз доност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
7. Оё надонистаӣ, ки Аллоҳ ҳар чиро ки дар осмонҳову замин аст, медонад? Се кас бо ҳам наҷво (роз, сухани бади махфӣ) кунанд, Аллоҳ бо илмаш чаҳорумини онҳост ва панҷ кас бошанд, Аллоҳ шашумини онҳост. Ва камтар аз ин, ҳар ҷо ки бошанд ва бештар аз ин, Аллоҳ бо илмаш дар куҷое бошанд, бо онҳост. Чизе аз Ӯ махфӣ намемонад. Сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат ба корҳои баду неке, ки кардаанд, огоҳ мекунад ва ҷазояшон медиҳад. Ҳароина, Аллоҳ бар ҳама чиз огоҳ аст!
الترجمة الطاجيكية
أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۖ مَا يَكُونُ مِن نَّجۡوَىٰ ثَلَٰثَةٍ إِلَّا هُوَ رَابِعُهُمۡ وَلَا خَمۡسَةٍ إِلَّا هُوَ سَادِسُهُمۡ وَلَآ أَدۡنَىٰ مِن ذَٰلِكَ وَلَآ أَكۡثَرَ إِلَّا هُوَ مَعَهُمۡ أَيۡنَ مَا كَانُواْۖ ثُمَّ يُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُواْ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ إِنَّ ٱللَّهَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٌ
Оё надонистаӣ, ки Худо ҳар чиро дар осмонҳову замин аст, медонад? Се кас бо ҳам наҷво (роз, сухани махфӣ) кунанд, Худованд чаҳорумини онҳост ва панч кас бошанд, Худованд шашумини онҳост. Ва камтар аз ин, — ҳар ҷо ки бошанд, — ва бештар аз ин. Худо бо онҳост. Сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат ба корҳое, ки кардаанд, огоҳ мекунад. Зеро Худо бар ҳама чиз огоҳ аст!
Tajik - Tajik translation